Давоми соли ҷорӣ, дар вилояти Суғд 1633 нафар гумонбар дар содир кардани ҷиноятҳои гуногун ҷустуҷӯ шуда, то ҳол 662 нафари онҳо боздошт гардидаанд. Дар ин бора Фурқат Хоҷазода, прокурори вилояти Суғд иттилоъ дод.
Фурқат Хоҷазода зимни ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят, ки дирӯз, 21-уми декабр, бо иштироки масъулин ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид, аз ҷумла гуфт, ки аз теъдоди умумии боздоштшудагон 102 нафар бо гумони содир кардани ҷиноятҳои алоқаманд бо терроризм ва экстремизм, 67 нафар бо гумони дуздӣ, 113 нафар дар робита ба содир кардани ҷинояти қаллобӣ дастгир шудаанд.
Аз теъдоди умумии боздоштшудагон 30 нафарашонро мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои хориҷӣ дастгир намудаанд. Беш аз ҳама, яъне 27 нафар дар Русия боздошт ва ба Тоҷикистон таслим гардидаанд. Давлатҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Озорбойҷон бошад 1 нафарӣ боздошт ва ба Тоҷикистон супоридаанд.
Зикр карда шуд, ки Тоҷикистон бо дигар мамлакатҳои ҷаҳон аъзои Конвенсияҳо оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ ва иқтисодӣ буда, созишномаҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ ҳуқуқиро дар ин самт қабул кардааст ва ин имкон фароҳам овардааст, ки дар самти кофтуков, дастгир ва ба давлатӣ ташаббускор супоридани айбдоршавнадагони ҷустуҷӯшаванда кор пурзӯр карда шавад.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар ин ҷаласа ҳамчунин, ҳолати иҷрои Қонуни ҶТ “Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ” дар самти кофтукови айбдоршавандагон, судшавандагон ва ба мақомоти тафтишотию судӣ ҳозир намудани онҳо дар соли 2021-2022 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Бензин дар Тоҷикистон гаронтарин дар Осиёи Марказӣ аст
Курси онлайни ройгон оид ба “Саводнокии молиявӣ” барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар платформаи Smarthub.tj дастрас шуд
Барои гузоштани риши бенизом, мунозираҳои сиёсӣ... Чаро даҳҳо афғонистониро аз Тоҷикистон ихроҷ карданд?
Дар Твер кор барои муҳоҷирон дар 46 соҳа манъ шуд. Боз дар кадом минтақаи Русия чунин маҳдудият ҷорӣ шуд?
"Аз ҳама бештар аз кори додрасҳо шикоят мегирем". Интиқоди тунди Эмомалӣ Раҳмон аз кори додрасҳои тоҷик
Рӯзҳои истироҳатӣ дар Душанбе барфи аввал меборад
Оғози ҷамъоварии маълумоти биометрӣ. Аз 1 декабр дар Русия барои муҳоҷирон чӣ тағйир ёфт?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дузд ва аммомаи бузург (қисми 2)”
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо ва вазъи обуҳаво барои 6 декабри соли 2024
6,6 млрд сомонӣ зиёдтар нисбат ба имсол. Парлумони Тоҷикистон буҷети соли 2025-ро қабул кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста