Абдураҳмон Шарипов, ки аз ҷониби Маркази мустақили оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон аз ҳуқуқи Абдуллоҳ Ғурбатӣ, яке аз рӯзноманигорони маҳкумшудаи тоҷик ҳимоят мекард, аз идомаи кӯмаки ҳуқуқӣ ба ин рӯзноманигори зиндонии тоҷик даст кашидааст.
Наздикони Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” инро тасдиқ карданд ва гуфтанд, азм доштанд аз болои ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ба зинаҳои болоӣ шикоят баранд, вале вакили дифоъ гуфт, дигар кӯмак карда наметавонад.
Абдураҳмон Шарипов дар шарҳи даст кашидани идомаи ҳимоят аз рӯзноманигорон гуфтааст, дар доираи як лоиҳа ба журналист ройгон хидмат мерасонид ва пас аз анҷоми лоиҳа дигар чунин имкон надорад.
Наздикони Абдуллоҳ Ғурбатӣ гуфтанд, барои идомаи кӯмак ба вакили дифоъ ҳаққи кор пешниҳод карданд, бо ин вуҷуд ӯ розӣ нашуд. Абдураҳмон Шарифов гуфтааст, бисёр банд аст ва дигар имкони ҳимоят аз журналисти зиндониро надорад.
Абдураҳмон Шарипов, аз ҷониби Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ҳаққи Абдуллоҳ Ғурбатиро аз додгоҳ ҳимоят мекард.
Қаблан, ӯ аз ҳимояти Далери Имомалӣ, рӯзноманигори дигари маҳкумшудаи тоҷик даст кашид ва гуфт, ин ба он рабт дорад, ки наздикони Далери Имомалӣ вакили дифои алоҳида гирифтанд.
Рӯзи 4-уми октябри соли равон Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур Абдуллоҳ Ғурбатиро бо се моддаи Кодекси ҷиноятӣ гунакҳор дониста, барои 7,5 сол равонаи зиндон кард.
Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 16-уми декабр дар Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми 7,5 соли зиндони Абдуллоҳро бетағйир гузошта буд ва баъди чанде ӯ аз Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) ба Муассисаи ислоҳии №4, воқеъ дар маҳаллаи "1-ум Советский"-и шаҳри Душанбе интиқол ёфт.
Ёдовар мешавем, ки Абдуллоҳ Ғурбатӣ яке аз чор журналистони боздоштшудаи тоҷик аст. Ӯ замоне боздошт гардид, ки дар робита ба парвандаи Далери Имомалӣ, блогер ва рӯзноманигори маҳкумшудаи тоҷик ба додситони ноҳияи Шоҳмансур даъват гардида буд.
Дар оғоз, мақомот ӯро барои “таҳқири намояндаи ҳокимият, истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият” гумонбар медонистанд, вале баъдан Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба аъзогии ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ гумонбар дониста шуд.
Мурофиҳои додгоҳии Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) баргузор гардид ва ӯ зимни сухани охирини худ таъкид намуда буд, ки гунаҳкор нест ва ҳеҷ яке аз гуноҳи эълоншударо эътироф намекунад.
Дар як соли охир, ба ғайр аз Абдуллоҳ Ғурбатӣ се рӯзноманигори дигари тоҷик, Далери Имомалӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода низ боздошт ва ба муҳлатҳои аз 7 то 10 сол зиндонӣ шуданд.
Аз ин пештар Далери Имомалӣ ва Завқибек Саидаминӣ аз СИЗО ба зиндони "1-ум Советский" интиқол дода шуда буданд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ боздошту муҳокима ва ҳукми рӯзноманигоронро ғайриқонунӣ хонда, аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, ки онҳоро фавран озод кунанд.
Тарзи интихоб, синну сол ва пули чипта. Ҳамаи шартҳои сафар ба Корея маълум шуд
Freedom Finance Global: Дар Тоҷикистон эътимоди истеъмолкунандагон паст мешавад
Омӯзгор огоҳ карда шуд. Вазорати маориф навори сарзаниши хонандагон аз ҷониби омӯзгорро шарҳ дод
“Рақаму рамзи кортро надиҳед”. Ҳушдори Амонатбонк ба муштариён аз фаъолшавии қаллобон
Таҳқиқот: Дар Тоҷикистон рушди логистика начандон қаноатбахш аст
РМА-и электронӣ чист ва чӣ тавр метавон онро ба даст овард?
Дар Украина “Осори мунтахаб”-и Садриддин Айнӣ бо забони украинӣ нашр шуд
То соли 2050 Осиёи Марказӣ метавонад сеяки пиряхҳои худро аз даст диҳад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Даббоғ ва бӯйи атр”
Тоҷиддин Мардонӣ, шарқшиноси тоҷик ва сафири пешини Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Туркманистон аз олам даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста