Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми 7,5 соли зиндони Абдуллоҳ Ғурбатӣ, яке аз рӯзноманигорони маҳкумшудаи тоҷикро бетағйир гузоштааст. Мурофиа имрӯз, 16-уми декабр, дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО), бидуни ширкати наздикону пайвандони маҳкумшуда, баргузор гардидааст.
Яке аз наздикони Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар суҳбат бо “Азия Плюс” гуфт, дар мурофиа танҳо вакили дифои ӯ роҳ ёфтааст.
“Додрас ҳукми то 7, 5 соли зиндони Додгоҳи ноҳияи Шоҳмунсурро нисбати Абдуллоҳ Ғурбатӣ бетағйир гузоштааст. Ҳарчанд аз ҷониби вакили дифоъ ваҷҳҳои зарурӣ пешниҳод карда шуд, вале тавре ба назар мерасад, додрас онро ба назар нагирифтааст”, - гуфт яке аз наздикони Абдуллоҳ Ғурбатӣ.
Абдураҳмон Шарипов, вакили дифои Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар шарҳи қарори Додгоҳи шаҳри Душанбе гуфтаст, ки "пас аз қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди шаҳри Душанбе, ҳукм қувваи қонунӣ гирифт ва ба иҷро даромад. Дар рӯзҳои наздиктарин Авазмад Ғурбатов (Абдуллоҳ Ғурбатӣ) ба макони адои ҷазо (зиндон) интиқол дода мешавад”.
Ҳамчунин, вакили дифоъ афзудааст, ният доранд аз болои қарори суди мазкур ба зинаҳои болоии додгоҳӣ шикоят баранд.
Рӯзи 4-уми октябри соли равон Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур Абдуллоҳ Ғурбатиро бо се моддаи Кодекси ҷиноятӣ гунакҳор дониста, барои 7,5 сол равонаи зиндон кард. Баъди 10 рӯзи гузаштан аз ҳукми суд ва пайдо кардани баҳои ҳуқуқӣ Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, ки барои Абдуллоҳ Ғурбатӣ вакили дифоъ ҷудо карда буд, аз болои он ба Додгоҳи шаҳри Душанбе шикояти кассатсионӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки Абдуллоҳ Ғурбатӣ яке аз чор журналистони боздоштшудаи тоҷик аст. Ӯ замоне боздошт гардид, ки дар робита ба парвандаи Далери Имомалӣ, блогер ва рӯзноманигори маҳкумшудаи тоҷик ба додситони ноҳияи Шоҳмансур даъват гардида буд.
Дар оғоз, мақомот ӯро барои “таҳқири намояндаи ҳокимият, истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият” гумонбар медонистанд, вале баъдан Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба аъзогии ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ гумонбар дониста шуд.
Мурофиҳои додгоҳии Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) баргузор гардид ва ӯ зимни сухани охирини худ таъкид намуда буд, ки гунаҳкор нест ва ҳеҷ яке аз гуноҳи эълоншударо эътироф намекунад.
Ҳафтаи гузашта, Мэри Лолор, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба ҳомиёни ҳуқуқи инсон бо ҳайати ҳамроҳонаш дар СИЗО аз вазъи саломатӣ, буду бош ва муносибати зиндонбонон бо Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Далери Имомалӣ шинос шуда буд.
Дар як соли охир, ба ғайр аз Абдуллоҳ Ғурбатӣ се рӯзноманигори дигари тоҷик, Далери Имомалӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода низ боздошт ва аксарашон ба муҳлатҳои аз 7 то 10 сол зиндонӣ шуданд. Ҳоло баррасии парвандаи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар додгоҳ идома дорад.
Аз ин пештар Далери Имомалӣ ва Завқибек Саидаминӣ аз СИЗО ба зиндони "1-ум советский" интиқол дода шуда буданд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ боздошту муҳокима ва ҳукми рӯзноманигоронро ғайриқонунӣ хонда, аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, ки онҳоро фавран озод кунанд.
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Пурсиши Мусо”
“Қувваи корӣ намерасад”: Путин доир ба роҳҳои ҳалли мушкилоти муҳоҷират изҳори назар кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 декабри соли 2024
Доруҳои қалбакӣ дар Тоҷикистон: чӣ гуна метавон худро аз онҳо эмин нигоҳ дошт?
Душанбе чӣ гуна Соли навро истиқбол мегирад?
Романи “Ҷанг ва олами афғонҳо”-и Абдуғаффор Абдуҷаббор ба чоп расид
Аз ҳоҷиталбону тӯйи арӯсӣ то мошинронӣ дар ҳолати мастӣ. Соли оянда ҷаримаи кадом қонуншиканиҳо чӣ қадар зиёд мешаванд?
Нахустин вохӯрии гурӯҳҳои топографии Тоҷикистону Қирғизистон баъди пурра муайян кардани хатти марзи ду кишвар
Бонки ҷаҳонӣ барои сохтмони “Роғун” $350 млн грант ҷудо кард
“Тоҷикфилм” соли оянда чанд филмро маблағгузорӣ мекунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста