Додгоҳи вилояти Суғд як зани 42-солаи сокини шаҳри Исфараро барои ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаркатҳои мамнуъ дар Тоҷикистон ва қасди куштори ду фарзандаш 18 сол равонаи зиндон кард. Дар ин бора аз додгоҳи вилоятӣ хабар доданд.
Манбаъ гуфт, ин зан Муҳиба Давронова, сокини ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара буда, аз моҳи майи соли 2022 то январи соли 2023 бо созмони “Паймони миллӣ”, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ аст, ҳамкорӣ ва фикри пайравонашро дастгирӣ кардааст.
“Муҳиба Давронова дар сомонаҳои интернетии ин равия, аз ҷумла барномаи “Ислоҳ.нет”, ки ровии ин барнома Муҳаммадиқболи Садриддин буда, расман аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар кофтуков қарор дорад, ҳамкорӣ ва ақидаҳои ифродии онҳоро тарафдорӣ кардааст”, - гуфт манбаъ.
Ҳамчунин, ӯ ба он гунаҳкор аст, ки бо истифода аз ВАО ва шабакаҳои интернетӣ корхона ва муассисаҳои давлатиро ба телефони мобилияш сабт карда, наворро ба сомонаи дар Тоҷикистон мамнӯи “Ислоҳ нет” ирсол мекард, ки ба гуфтаи тафтишот “бо ин роҳ сиёсати имрӯзаи давлат ва Ҳукумати кишварро мавриди танқиди шадид қарор додааст”.
Манбаъ гуфт, Муҳиба Давронова баъди даъват гардиданаш ба Додситонии шаҳри Исфара дар робита ба ҳамкориаш бо созмонҳои мамнуъ, бо мақсади аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шудан рӯзи 9-уми январи соли 2023 бо қасди куштори худ ва ду фарзандони ноболиғаш С.Қ ва С.Қ доруи “марги муш”-ро аввал худаш ва баъдан ба фарзандони ноболиғаш мехӯронад.
Худи ҳамон рӯз, зан ва фарзандонашон дар Додситонии шаҳри Исфара барои пурсиш оварда мешаванд ва маҳз ин амал зан ва кӯдакони хурдсоли ӯро аз марг наҷот медиҳад.
“Дар мақомоти прокуратура ҳолати маҷбуран додани “марги муш” аз ҷониби модар ба фарзандон ошкор шуда ноболиғон ба шӯъбаи Эҳёи хурдсолони беморхонаи марказии Исфара дастрас ва аз марг наҷот дода мешаванд”.
Ҳамин тариқ, Муҳиба Давронова бо қарори Додгоҳи вилояти Суғд барои ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ (моддаи 307 иловаи 3 қисми 2) ва тайёрӣ ба ҷиноят, сўиқасди ҷиноят (моддаи 32 қисми 3) ва одамкушӣ (104 қисми 2 банҳои “а,в,е”) Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон 18-сол аз озодӣ маҳрум шуд.
Назари худи зан, наздикон ва вакиили дифои ӯ маълум нест.
Ёдовар мешавем, ки чанд сол пеш Додгоҳи олии Тоҷикистон чанде аз ташкилоту созмонҳо ва сомонаҳои марбут ба онҳоро ҳамчун ташкилот ё созмонҳои террористӣ-экстремистӣ эълон карда, пайравӣ ба гурӯҳ ё дастгирӣ кардани ақидаҳои аъзоёни гурӯҳ, аз ҷумла “лайк” гузоштан ҷавобгарии ҷиноӣ дорад.
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Боздошти сардори Идораи беҳдошти замини Абдураҳмони Ҷомӣ бо гумони заминфурӯшӣ
Як сокини Қубодиён барои қасди куштори ҳамсараш 16 сол равонаи зиндон шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста