Ду корманди баландмақоми Вазорати молияи Тоҷикистон зимни гирифтани пора ба маблағи 3 ҳазор доллари ИМА дастгир шудаанд. Дар ин бора маркази матбуотии Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон хабар медиҳад.
Манбаъ аз онҳо Далер Мирзоев, сардори шуъбаи иҷозатномадиҳии раёсати ҳуқуқи Вазорати молия ва Парвиз Наимов, сармутахассиси шуъбаи мазкур ном бурда гуфтааст, ки онҳо аз як шаҳрванд барои гирифтани иҷозатномаи машғул шудан ба фаъолияти идораи букмекерӣ 3 ҳазор доллари ИМА пора талаб кардаанд.
Ин ниҳод мегӯяд, ин ду масъули баландпояи Вазорати молия аз маблағи талабкарда пешакӣ 1000 долларашро гирифта, зимни гирифтани 2 ҳазор доллари дигар аз ҷониби кормандони Оҷонсии зиддифасод дастгир ва маблағҳо ҳамчун далели шайъӣ аз онҳо гирифта шуд.
Ҳамин тариқ, нисбати Далер Мирзоев ва Парвиз Наимов барои гирифтани пора бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби шахси мансабдор (моддаи 319 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ба суд ирсол карда шуд.
Ин банди қонунгузорӣ, аз 5 то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Назари боздоштшудагон, наздикон ва вакили дифои онҳо маълум нест.
Аз Вазорати молияи Тоҷикистон низ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” аз шарҳи бештари масъала худдорӣ карданд.
Боздошту расонаӣ кардани исми мансабдороне, ки бо порагирӣ айбдор мешаванд, таҷрибаи нав нест. Дар гузашта Оҷонсии зиддифасод танҳо аз боздошти кормандони сатҳи поёнӣ хабарҳо нашр мекард. Ин камтарин ҳолати боздошту расонаи кардани кормандони як вазоратхона аст.
“Барои модарони ҷавонони гумроҳ ғамгин мешавам”. Муфтии Тоҷикистон ба саволҳои шаръии онлайн посух дод
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Қатар оғоз мешаванд
Сайфуллоҳи Муллоҷон: Бо ҳама каму косташ таъсиси Тоҷикистони Шӯравӣ ҳодисаи бузурги таърихи мо аст
Ифтитоҳи пули нав дар Рошқалъа бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Оқибатандешии заргар”
Дар Тоҷикистон ҳудуди 100 ҳазор тонна ангур ҷамъоварӣ шуд
ВАО: Дар Русия зиндониён аз Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба даст кашидан аз шаҳрвандӣ ва ба ҷанг рафтан маҷбур мекунанд
Иҷозатномаи электронӣ барои ҷашну маросим. Ин чӣ аст ва онро чӣ гуна метавон ба даст овард?
Ба корхонаҳои Хоҷагии манзилию коммуналӣ 4 млн доллар қарзи андозро бахшиданд
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон. Куҷо рафт ва чиҳоро ифтитоҳ кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста