Дар шабака навори видеои гуфтугӯи Рустам Ашӯрови дар Молдова ҳалокшуда бо модараш нашр шуд, ки дар он ӯ ба рабудан ва куштани одам иқрор мешавад.
Parviz.TV дар шабакаҳои худ ду навори видео нашр кард.
Аз навори видео бармеояд, ки Рустам Ашӯров ҳангоми кӯшиши боздошт шуданаш дар фурудгоҳи Кишинёв ба модараш занг задааст. Ӯ мегӯяд, ки дар рабудан ва куштори як нафар ҳамроҳ бо шахсе бо номи Дилшод иштирок кардааст.
“Дилшод ба ман гуфт, ки як нафар 100-200 млн доллар биткоин дорад, биё ӯро медорему онҳоро мегирем”, - мегӯяд Рустам Ашӯров.
Ба саволи модараш “Кадом Дилошд?”, Ашӯров ҷавоб медиҳад: “Дилшоди СБ”.
Ба гуфтаи ӯ, баъди боздошт (рабудан)-и он шахс, Дилшод ӯро хеле зиёд лату кӯб карда, дар натиҷа ӯ ҳалок шудааст.
- Ту чӣ кор кардӣ?
- Ман бо онҳо будам
- Ту бо ӯ чӣ кардӣ?
- Ҳеҷ кор. Ман танҳо ӯро бурда ба дарё партофтам.
- Ба кадом дарё?
- Ба дарёи Варзоб
Ба оҳу нолаи модараш мард мегӯяд:
- Ҳеҷ гап нест модарчон. Дар он дунё вомехӯрем, Худо нигаҳбонатон, ман Шуморо дӯст медорам.
Пас аз ин гуфтугӯ қатъ мешавад.
Навори видеои дуюм аз он оғоз мегардад, ки Рустам Ашӯров ба куштори ду нафар иқрор мешавад.
- Ту чӣ кор кардӣ, - мепурсад гириякунон модараш
- Ман ду нафарро куштам, - мегӯяд ӯ ва ҷасади ду марди рӯйи фарш хобидаро нишон медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, дар муоиса бо навори якум дар дуюмаш ӯ дар ҳаяҷон буда, гиря мекунад.
- Фарзандонамро эҳтиёт кун
- Чаро ту ин тавр кардӣ писарҷон?
Дар ҳамин ҳол, зан мепурсад, ки Дилшод ба ӯ чӣ гуфтааст ва ӯ посух медиҳад, ки “Дилшодро ҳам зинда намегиранд. Ӯ ҳам худашро мекушад”.
Ашӯров ҳамчунин мегӯяд, ки ин корро барои пул кардааст.
Зан ба ӯ пешниҳод мекунад, ки ба мақомоти пуис таслим шавад ва ӯ чунин ҷавоб медиҳад: “Ман ин ҷо дар минтақаи гумрукӣ онҳоро интизорам”...
“Азия-Плюс” намедонад (санҷида наметавонад), ки ин наворҳои видео ҳақиқӣ ҳастанд ё не.
Ёдрас мекунем, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон Рустам Ашӯровро яке аз иштирокчиёни рабудани муовини раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев номиданд. Ӯ 24 июн бедарак шуда, то ҳол дар борааш дигар чизе маълум нест.
Баъдан Радиои Озодӣ бо истинод ба манбаъҳои худ хабар дод, ки дар рабудани муовини раиси “Ориёнбонк” Дилшод Саидмуродов, маъруф бо “Дилшоди СБ” низ даст дорад.




Гузориш аз “Шаҳри ҷаҳонии сӯзанидӯзӣ”. Қиссаи зане, ки бо сӯзану ришта нақш меофарад
Вазорати нақлиёт гуфтааст, теъдоде аз ширкатҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон талаботи иҷозатномадиҳиро риоя накардаанд
Оғози мулоқоти рӯ ба рӯ. Мансабдорони тоҷик ба суолҳои рӯзноманигорон посух медиҳанд
Барқ дар Тоҷикистон гарон мешавад. Болоравии арзиши барқ ба зиндагии мардум чӣ таъсир мерасонад?
Шикасти футзалбозону пирӯзии футболбозони Тоҷикистон
Ҷазо барои “гурез” аз пардохти андоз ва чанд қоидавайронкунии дигари андоз сангинтар шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 январи соли 2026
Талош барои оғози зиндагии нав. Баъди як моҳи куштори Қобилҷон Алиев, модар ва додараш чӣ ҳол доранд?
Аз “лимит”-и барқ то интернети заиф. Мақомот монеаҳо дар татбиқи “Барномаи миёнамуҳлати рушд - 2021-2025”-ро гуфтанд
Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста