Дар марҳилаи аввали амалиёти фаврӣ ва пешгирии “Нелегал-2023” кормандони ВКД Русия дар бораи ихроҷи маъмурӣ ва истирдоди ҳудуди 7 ҳазор нафар хориҷиён ба берун аз ҳудуди Русия қарор қабул карданд. Дар ин бора рӯзи сешанбе ба ТАСС намояндаи расмии ВКД Русия Ирина Волк хабар додааст.

“Нисбати шаҳрвандони хориҷӣ дар бораи ихроҷи маъмурӣ ва истирдод ба берун аз қаламрави Русия ҳудуди 7 ҳазор қарор қабул шуд. Доир ба корҳои марбут ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва маводи психотропӣ, гардиши ғайриқонунии силоҳ ва убури ғайриқонунии сарҳд зиёда аз 2 ҳазор парвандаи ҷиноятӣ боз шуд”, - гуфтааст ӯ.

Ирина Волк илова намудааст, ки дар ҷараёни амалиёт кормандони ВКД ва Хадамоти федералии амнияти Русия ҳудуди 45 ҳазор ҳолатҳои нақзи қонунгузории муҳоҷират, аз ҷумла зиёда аз 33 ҳазор ҳолатҳои риоя накардани қоидаҳои вуруду ихроҷ, гузаштан тариқи транзит ва будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русияро ошкор кардаанд.

Илова бар ин, дар бораи беш аз 12 ҳазор ҳолатҳои риоя нашудани анҷоми фаъолияти корӣ аз ҷониби хориҷиён санад таҳия гардида, 273 нафар шахсони мавриди пайгарди федералӣ ва байнулмилалӣ қарордошта ошкор шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.