Додситонии кулли Тоҷикистон хабари марги Акбар Аҳмадов (Ахмедов), яке аз гумонбарони рабудану куштани бонкдори тоҷик Шуҳрат Исматуллоевро, ки аввалин шуда Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ интишор намуду ОИ “Азия-Плюс” онро бознашр кард, рад намуд. Ин ниҳод гуфтааст, Акбар Аҳмадов “дар тавқифгоҳи тафтишотӣ қарор дорад”.
Қаблан, 3-юми сентябр, Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ навишта буд, ки Акбар Аҳмадов пас аз боздошти модараш аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон ба ватан баргашта, худро ба мақомот таслим кард ва пас аз чанд рӯз “ӯро вақти пурсиш сахт шиканҷа кардаанд, то ба суолҳо посух диҳад, аммо ӯ ба ин ҳама “тоб наоварда, фавтид”.
Тибқи иттилои пештар нашркардаи Додситонии кулли кишвар, Акбар Аҳмадов пас аз содир кардани ҷиноят, яъне рабудану куштани Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбок” ба Русия фирор карда буд.
Додситонии кулли кишвар 5-уми сентябр бо ирсоли як амр ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки хабари нашркардаи ин расона саҳеҳ нест ва Акбар Аҳмадов (Ахмедов) бар асоси парвандаи ҷиноӣ дастгир ва ба ҳабс гирифта шуда, “дар тавқифгоҳи тафтишотӣ қарор дорад”. Ҳамин тавр, ин ниҳод маълумот оид ба боздошти модари Аҳмадавро низ рад кардааст.
Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ менависад, ки манобеи он ба дурустии хабари худ пофишорӣ кардаанд ва расона ба таҳқиқи мавзӯъ идома медиҳад.
Бояд гуфт, ки Акбар Аҳмадов яке аз гумонбарони рабудану куштори Шуҳрат Исматуллоев дониста мешавад, ки ба иттилои мақомоти тоҷик, шомили гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ будааст. Роҳбарии ин гуруҳи ҷиноиро Дилшод Саидмуродов ё “Дилшоди СБ” ба уҳда доштааст, ки тибқи иттилои мақомти Тоҷикистон ба Русия фирор кардааст.
Чанде пештар дафтари матбуоти ВКД-и Русия хабар дод, ки ду гумонбари куштори бонкир дар ин кишвар боздошт шудаанд. Дафтари матбуоти ВКД-и Тоҷикистон ҳам гуфта буд, ки Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ ба Маскав барои мулоқот бо ҳамтои русаш рафтааст ва “масъалаи дастгир кардани Дилшод Саидмуродовро дар мулоқот бо ҳамтои русаш Владимир Колоколсев ба миён хоҳад гузошт”.
Моҳи гузашта Додситонии кулли кишвар аз боздошту истирдоди як нафар гумонбари дигари рабудани қатли Шуҳрат Исматуллоев бо номи Бахтовар Сафарови 28-сола аз Туркия хабар дода буд.
Он замон Додситонии кулл навишт, ки дар умум 13 аъзои гуруҳи ҷиноятӣ, ки дар қазияи рабудани муовини раиси “Ориёнбонк” даст доштанд, дастгир шудаанд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки қаблан Рустам Ашӯров, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар рабудани куштори Шуҳрат Исматуллоев гумонбар мешуд, дар фурудгоҳи Кишинёви Молдова як марзбон ва як афсари амниятро ҳадафи тир қарор дода, чанд нафарро захмӣ кард ва дар ҷараёни амалиёти безараргардонӣ захмӣ шуда ба беморхона интиқол ёфт. Чанде пас ӯ даргузашт.
Ёдовар мешавем, ки Шуҳрат Исматуллоев 23-уми июни соли 2023 дар маркази пойтахти кишвар шаҳри Душанбе рабуда шуд. Баъдтар Додситонии куллии кишвар иттилоъ дод, ки Шуҳрат Исматуллоевро як гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ рабудааст ва дар яке деҳаҳои ноҳияи Варзоб “бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ, электрошокер, автофен ва дигар таҷҳизотҳо таҳти шиканҷа қарор дода, ба қатл расонидаанд.” Ба қавли ин ниҳод, ҷасади бонкирро ба дарёи Зарафшон партофтаанд.
Пас аз беш аз як моҳи ҷустуҷӯ, Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар дар нишасти матбуотии ахир гуфт, ки ҷасади Шуҳрат Исматуллоев рӯзи 13-уми август дарёфт ва шахсияти ӯро баъди ташхиси дандонҳояш муайян кардаанд. Бонкирро 30-юми август ба хок супориданд ва мақомот нагузоштанд рӯзноманигорон аз маросими видоъ гузориш пахш кунанд.
Акнун соҳибони скутерҳо ҳам бояд рақами давлатӣ ва шаҳодатномаи бақайдгирӣ гиранд
“Пас аз мову ту ҳам олам чуноне буд, мемонад...” Ёде аз Ҳофизи халқии Тоҷикистон Ҳусейн Насриддинов
Меъёрҳои ҷойгиркуниии маълумот дар бораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия тасдиқ шуд
Тоҷикистон бо манзараҳои беҳтарини табиӣ дар Осиё соҳиби ҷоиза гардид
“Ташнаи коргар”: Дар Русия эҳтиёҷ ба қувваи корӣ зиёд мешавад
Дар Исфара ва Хоруғ нерӯгоҳи барқи офтобӣ месозанд
Даъвати Хадамоти алоқа: Меҳмононро бо интернети суръаташ на кам аз 100 мбит/с таъмин кунед!
Қатъи фаъолияти маркази дилхушии “Париж” ва оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати роҳбараш
Барои ҳозир нашудан ба комиссариати ҳарбӣ аз шаҳрвандии Русия маҳрум карданд. Чӣ бояд кард?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “ Машварат бо душмани хирадманд"
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста