Дар наворе, ки дирӯз, 6-уми сентябр, дар шабакаи YouTube нашр гардид, нафаре худро Акбар Аҳмадов (Ахмедов), ба қавли Додситонии кулли Тоҷикистон, гумонбари рабудану куштори Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк”, муаррифӣ карда, зикр менамояд, ки зинда аст ва дар боздоштгоҳ қарор дорад.
Ӯ мегӯяд, пас аз содир кардани ҷиноят ба Маскав фирор карда, баъдан ба хулосае омадааст, ки бо хоҳиши худ баргашта, ба мақомот таслим шавад ва аз рӯзи аввал бо вакили дифоъ таъмин мебошад.
“Ҳоло дар СИЗО қарор дорам, сиҳату саломат ҳастам. Шикоят надорам. Чанд бор мешавад, ки бо падару модар ва оилаи худ вомехӯрам”, - мегӯяд ин нафар.
Дар навори дигар, ки он ҳам дирӯз дар шабакаи YouTube нашр шуд, зане худро модари Акбар Аҳмадов муаррифӣ карда, аз нашри хабари марги писараш шикоят мекунад.
Ин зан мегӯяд, нашри хабари марги писараш ӯ ва хешовандонашро нигарон кардааст.
Санҷиши навор ва таҳқиқи санаву макони сабти он тавассути манобеи дигар айни замон имконпазир нест.
Қаблан, 3-юми сентябр, Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ навишта буд, ки Акбар Аҳмадов пас аз боздошти модараш аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон ба ватан баргашта, худро ба мақомот таслим кард ва пас аз чанд рӯз “ӯро вақти пурсиш сахт шиканҷа кардаанд, то ба суолҳо посух диҳад, аммо ӯ ба ин ҳама “тоб наоварда, фавтид”.
Дирӯз, 5-уми сентябр, Додситонии кулли Тоҷикистон хабари марги Акбар Аҳмадовро расман рад карда, гуфт, ки ӯ “дар тавқифгоҳи тафтишотӣ қарор дорад”.
Тибқи иттилои пештар нашркардаи Додситонии кулли кишвар, Акбар Аҳмадов пас аз содир кардани ҷиноят, яъне рабудану куштани Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбок” ба Русия фирор карда буд.
Бояд гуфт, ки Акбар Аҳмадов яке аз гумонбарони рабудану куштори Шуҳрат Исматуллоев дониста мешавад, ки ба иттилои мақомоти тоҷик, шомили гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ будааст. Роҳбарии ин гуруҳи ҷиноиро Дилшод Саидмуродов ё “Дилшоди СБ” ба уҳда доштааст, ки тибқи иттилои мақомти Тоҷикистон ба Русия фирор кардааст.
Чанде пештар дафтари матбуоти ВКД-и Русия хабар дод, ки ду гумонбари куштори бонкир дар ин кишвар боздошт шудаанд. Дафтари матбуоти ВКД-и Тоҷикистон ҳам гуфта буд, ки Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ ба Маскав барои мулоқот бо ҳамтои русаш рафтааст ва “масъалаи дастгир кардани Дилшод Саидмуродовро дар мулоқот бо ҳамтои русаш Владимир Колоколсев ба миён хоҳад гузошт”.
Моҳи гузашта Додситонии кулли кишвар аз боздошту истирдоди як нафар гумонбари дигари рабудани қатли Шуҳрат Исматуллоев бо номи Бахтовар Сафарови 28-сола аз Туркия хабар дода буд.
Он замон Додситонии кулл навишт, ки дар умум 13 аъзои гуруҳи ҷиноятӣ, ки дар қазияи рабудани муовини раиси “Ориёнбонк” даст доштанд, дастгир шудаанд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки қаблан Рустам Ашӯров, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар рабудани куштори Шуҳрат Исматуллоев гумонбар мешуд, дар фурудгоҳи Кишинёви Молдова як марзбон ва як афсари амниятро ҳадафи тир қарор дода, чанд нафарро захмӣ кард ва дар ҷараёни амалиёти безараргардонӣ захмӣ шуда ба беморхона интиқол ёфт. Чанде пас ӯ даргузашт.
Ёдовар мешавем, ки Шуҳрат Исматуллоев 23-уми июни соли 2023 дар маркази пойтахти кишвар шаҳри Душанбе рабуда шуд. Баъдтар Додситонии куллии кишвар иттилоъ дод, ки Шуҳрат Исматуллоевро як гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ рабудааст ва дар яке деҳаҳои ноҳияи Варзоб “бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ, электрошокер, автофен ва дигар таҷҳизотҳо таҳти шиканҷа қарор дода, ба қатл расонидаанд.” Ба қавли ин ниҳод, ҷасади бонкирро ба дарёи Зарафшон партофтаанд.
Пас аз беш аз як моҳи ҷустуҷӯ, Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар дар нишасти матбуотии ахир гуфт, ки ҷасади Шуҳрат Исматуллоев рӯзи 13-уми август дарёфт ва шахсияти ӯро баъди ташхиси дандонҳояш муайян кардаанд. Бонкирро 30-юми август ба хок супориданд ва мақомот нагузоштанд рӯзноманигорон аз маросими видоъ гузориш пахш кунанд.




Эрон ва Амрико ҳамдигарро ба истифодаи маконҳои ғайринизомӣ барои ҳамла айбдор мекунанд. Рӯзи даҳуми даргирӣ дар Ховари Миёна
Писар ҷойгузини падар. Муҷтабо Хоманаӣ, роҳбари нави Эрон кист ва чӣ корнома дорад?
Закот ба кӣ фарз аст, онро бояд ба киҳо дод ва кӣ аз ин садақаи ҳатмӣ озод аст? Муҳимтарин нукот дар бораи закот
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2026
Муҷтабо Хоманаӣ – писари Алии Хоманаӣ роҳбари нави Эрон интихоб шудааст
Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна
“Азия-Плюс” занону духтарони Душанберо ба Рӯзи модар табрик кард. Иқдоми “Модарони Душанбе” чӣ гуна гузашт?
Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста