Се рӯз пеш, 10-уми сентябр, дар шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳокимаи додгоҳии гумонбарони ҳамла ба масҷиди Шоҳчароғ оғоз шуд.
Дар пайи ин ҳамла, ки 13-уми августи соли 2023 рух дод, ду нафар кушта ва ҳафт нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.
Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, дар курсии айбдорӣ се нафар - шаҳрванди Тоҷикистон Раҳматулло Наврӯзов, ки муттаҳами аслӣ маҳсуб мешавад, ҳамчунин шарикони ӯ Ҳабибулло Арабзода ва Амрулло Назарӣ, ки табаияташон гуфта намешавад, нишастаанд.
Намояндаи додситонии Шероз хостааст, ки Раҳматулло Наврӯзов дар ҷинояти дараҷаи аввал: бо иттиҳоми атеизм (шахси исёни Худо) ва узвият дар гурӯҳи террористии ДИИШ гунаҳкор дониста шавад. Додситонӣ аз додгоҳ хостааст, Наврӯзовро ба сахттарин муҷозот - ҳукми эъдом маҳкум кунад.
Дар мурофиаи аввал худи Раҳматулло Наврӯзов бозпурсӣ шудааст.
Ӯ гуфтааст, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба ДИИШ пайвастааст. Ба ӯ лақаби “Салмон Асламёр” дода шуд ва фармуд, ки ба Туркия равад. Вай аз Туркия ба таври ғайриқонунӣ вориди Эрон шуда, сипас ба Покистон ва аз онҷо ба Афғонистон рафтааст. Дар ин кишвар дар як урдугоҳи ҷангҷӯён тамрини низомӣ кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, пас аз хатми тамриноти низомӣ ӯро ба Эрон фиристоданд ва муддате дар хонае дар паҳлӯи масҷиди Шоҳчароғ зиндагӣ кардааст.
Наврӯзов дар идома гуфт, ки мубаллиғони ДОИШ ба ӯ дастур додаанд, ки масҷидро оташ зада, намозгузоронро парронанд.
Дар натиҷа, ӯ бо бензин ба масҷид омадааст, вале пеш аз оташ задани қолинҳо боздошт шудааст. Ҳамлагар низ як автомат дошт ва ба ӯ муяссар шуд, ки 11 тир холӣ кунад. Дар натиҷа ду нафар кушта ва ҳафт нафари дигар захмӣ шуданд.
Ба навиштаи ин расонаи эронӣ, Наврӯзов гуфтааст, ки “ман гумон надоштам, ки маро дастгир мекунанд, гумон доштам, ки маро мекушанд. Ман теъдоди одамонеро, ки ба ҳадаф гирифта будам, ҳисоб накардам, ниятам то анҷоми тирдон идома додани амалиёт буд...”.
Санҷиши ин навиштаи хабаргузории “Меҳр” ва дурустии суханони Наврӯзов ғайриимкон аст.
ДИИШ масъулияти ҳамла дар Шерозро бар ӯҳда гирифт ва онро интиқом барои эъдоми ду ҷангҷӯи худ, ки барои ҳамлаи қаблӣ ба оромгоҳи Шоҳчароғ дар 26-уми октябри соли 2022 ба эъдом маҳкум шуда буданд, номид. Дар ҳамлаи аввал 13 нафар кушта ва 27 тани дигар захмӣ шуданд. Ду нафаре, ки дар ин ҳамла даст доштанд, як моҳ пеш эъдом шуда буданд.
Баъдан хабар расид, ки фарде, ки оташ кушодааст, зодаи Тоҷикистон Комрони Субҳон бо лақаби “Абу Оиша” будааст. Ӯ 23-сола буд. Пас аз чанд рӯзи боздошт Комрони Субҳон бар асари захмҳои бардоштааш дар бемористони Шероз даргузашт.
Ҳубара ё дуғдоғ. Парандаи соли 2025 дар Тоҷикистон интихоб шуд
“Шарикии рақамӣ”: Дар Суғд IT-форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Кумаки яквақта ба зиёда аз 112 ҳазор оилаҳои камбизоат дар Тоҷикистон
Фарзандони муҳоҷирон бе донистани забони русӣ ба мактабҳои Русия қабул намешаванд?
“Ӯҳдадор нестам...” Чаро вакилони парлумон аз шарҳи мавзуҳои муҳими ҷомеа худдорӣ мекунанд?
Осорхонаи Садриддин Айнӣ ба феҳристи маконҳои сайёҳии Бухоро дохил шуд
Тоҷикистону Қазоқистон ба сатҳи нави ҳамкорӣ расиданд
Охири ҳафта дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борону барф меборад
Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё муштзанони тоҷик 5 медал гирифтанд
Вақти омаду рафти нақлиёти ҷамъиятиро нишон медиҳад. Насби лавҳаҳои электронӣ дар истгоҳҳои Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста