Намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон зимни як мулоқоти худ бо аъзоёни Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия ва роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони ин кишвар гуфтааст, ки Дилшод Саидмуродов, яке аз гумонбарони дуздиву куштори Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк” дар Русия аст ва аз ин лиҳоз, барои боздошти ӯ бо мақомот ҳамкорӣ кунанд.
Дар ин бора саҳифаи Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад.
Ба навиштаи ин ниҳод, дар мулоқот аъзоёни Котиботи Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия ва роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони беш аз 50 минтақаи Русия ҳузур доштаанд.
“Зимни мулоқот намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки яке аз ҷинояткорон, аъзои гуруҳи муташаккили ҷиноӣ дар куштори муовини якуми роҳбари ҶСК “Ориёнбонк” - Саидмуродов Дилшод Ҳусейнович айниҳол дар қаламрави Федератсияи Россия қарор дошта, барои дастгир ва ба мақомоти дахлдори давлатӣ таслим намудани ҷинояткор роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷиконро ба ҳамкорӣ даъват намуд”, - навиштааст манбаъ.
Роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ба таври ҳузурӣ ва онлайн бо расмҳои Дилшод Саидмуродов ошно гардида, омодагии худро барои ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, махсусан Додситонии кул иброз намудаанд.
“Намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки ҳар нафаре, ки ба мо вобаста ба буду боши ҷинояткор иттилоъ медиҳад, бо мукофотпулӣ қадрдонӣ карда мешавад”, - зикр кардааст манбаъ.
Зикр кардан ба маврид аст, ки Дилшод Саидмуродов (Дилшоди “СБ” ё Дилшоди “Красавчик”) – ро мақомоти Тоҷикистон роҳбари гуруҳи ҷиноие медонанд, ки Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк”-ро рабуда ба қатл расонидааст.
Ба ақидаи мақомоти тоҷик, ӯ пас аз содир кардани ҷиноят ба Русия фирор кардааст. Ҳамроҳ бо ӯ, шарики дигари ҷиноят Акбар Аҳмадов (Ахмедов) ҳам ба Русия фирор кардааст.
Дар ҳамин ҳол, сомонаи ВКД-и Русия 29-уми август, зимни мулоқоти вазирони корҳои дохилаи Тоҷикистону Русия Рамазон Раҳимзода ва Владимир Колоколтсев навишт, ки ду гумонбар ба рабудан ва куштори бонкдор дар Русия боздошт шудаанд.
“Дар натиҷаи чорабиниҳои муштарак ду гумонбар дар куштори яке аз бонкдорон дар Тоҷикистон боздошт шуданд”, - бо истинод ба Колоколтсев навишт манбаъ.
Аммо ному насаби ду гумонбар дар куштори бонкдори тоҷик дар хабар гуфта нашудааст.
Пештар аз ин, ВКД-и Тоҷикистон хабар дод, ки Рамазон Раҳимзода дар доираи сафари кориаш ба Русия масъалаи дастгир кардани Дилшод Саидмуродовро дар мулоқот бо ҳамтои русаш Владимир Колоколсев ба миён хоҳад гузошт.
Чанде пештар Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ки Акбар Аҳмадов дар боздоштгоҳи Тоҷикистон аст.
Ҳамакнун, маълум нест, ки ВКД-и Русия киро дастгир кардааст ва чаро номи онҳоро ошкор намекунад.
Моҳи гузашта Додситонии кулли кишвар аз боздошту истирдоди як нафар гумонбари дигари рабудани қатли Шуҳрат Исматуллоев бо номи Бахтовар Сафарови 28-сола аз Туркия хабар дода буд.
Он замон Додситонии кулл навишт, ки дар умум 13 аъзои гуруҳи ҷиноятӣ, ки дар қазияи рабудани муовини раиси “Ориёнбонк” даст доштанд, дастгир шудаанд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки қаблан Рустам Ашӯров, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар рабудани куштори Шуҳрат Исматуллоев гумонбар мешуд, дар фурудгоҳи Кишинёви Молдова як марзбон ва як афсари амниятро ҳадафи тир қарор дода, чанд нафарро захмӣ кард ва дар ҷараёни амалиёти безараргардонӣ захмӣ шуда ба беморхона интиқол ёфт. Чанде пас ӯ даргузашт.
Ёдовар мешавем, ки Шуҳрат Исматуллоев 23-уми июни соли 2023 дар маркази пойтахти кишвар шаҳри Душанбе рабуда шуд. Баъдтар Додситонии куллии кишвар иттилоъ дод, ки Шуҳрат Исматуллоевро як гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ рабудааст ва дар яке деҳаҳои ноҳияи Варзоб “бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ, электрошокер, автофен ва дигар таҷҳизотҳо таҳти шиканҷа қарор дода, ба қатл расонидаанд.” Ба қавли ин ниҳод, ҷасади бонкирро ба дарёи Зарафшон партофтаанд.
Пас аз беш аз як моҳи ҷустуҷӯ, Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар дар нишасти матбуотии ахир гуфт, ки ҷасади Шуҳрат Исматуллоев рӯзи 13-уми август дарёфт ва шахсияти ӯро баъди ташхиси дандонҳояш муайян кардаанд. Бонкирро 30-юми август ба хок супориданд ва мақомот нагузоштанд рӯзноманигорон аз маросими видоъ гузориш пахш кунанд.
Сироҷиддин Насриддинов – дипломат ва аввалин сафири Тоҷикистон дар Русия 85-сола шуд
Тоҷикистон vs Ӯзбекистон. Чемпионат ва футболбозони ду кишвар чӣ қадар нарх доранд?
Имрӯз сокинони баъзе кӯчаву хиёбонҳои Душанбе то бегоҳ бебарқ мемонанд
Ҷаримаи 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар Душанбе
Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳои хавфи пасти ифротгароӣ дохил шуд
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатии дурӯза ба Қирғизистон меравад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 марти соли 2025
Чӣ хел рӯза дорем ва чӣ онро мешиканад? Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 марти соли 2025
Тоҷикон кадом намуди мошинҳоро меписанданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста