Сокини шаҳри Душанбе Владимир Ставичний барои партофтани партовҳо дар макони муқаррарнашуда ҷарима шуд, хабар медиҳад Раёсати ВКД-и пойтахт.
Гуфта мешавад, кормандони милитсия шахсияти Ставичнийро тавассути навори видео дар шабака муайян кардаанд. Владимир Ставичний, сокини кӯчаи Шота Руставели партови атрофи хонаи худро ҷамъоварӣ намуда, тавассути автомашинаи худонро ба канори роҳи мошингард гузоштааст.
“Ин ҳолат боиси норозигии шаҳрвандону атрофиён гашта, аз мақомоти милитсия хостори андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ гардидаанд”, -омадааст дар хабари Раёсат.
Нисбати ӯ мутобиқи моддаи 452 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (Партофтан ва сӯзонидани партовҳою ашёҳо дар ҷойҳои муқаррарнашуда) протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Дар ин модда ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз 3 то 5, ба шахсони мансабдор - аз 10 то 20 ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 50 то 70 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима пешбинӣ шудааст.
Дар хабари Раёсати зимнан зикр мегардад, ки канори роҳ аз партовҳо пурра тоза карда шуда, бо сокинони кӯчаи мазкур ҷиҳати истифода аз партовгоҳ ва ба тозагӣ риоя намудан, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.