Кормандони Дафтари марказии миллии Интерполи ВКД Русия, Сарраёсати кофтукови ҷиноятии ВКД-и ин кишвар ва Раёсати кофтукови ҷиноятии Маскав ду бародар - шаҳрвандони Тоҷикистонро боздошт намуданд. Онҳо ба куштор бо бераҳмии махсуси марбут ба рабудани одам гумонбар дониста мешаванд, хабар дода мешавад дар сомонаи mvdmedia.ru.

“Тибқи фарзияи тафтишот, моҳи ноябри соли 2020 бародарон дар Русия мефаҳманд, ки хоҳарашон дар Тоҷикистон бо як мард муносибати  наздик доштааст. Онҳо аз ин хеле дарғазаб мешаванд. Вақте ки ба ватан меоянд, ҳамзисти хоҳарашонро рабудаву мекушанд ва ҷасадро дар партовгоҳ пинҳон мекунанд. Пас аз содир намудани ҷинноят бародарон дар қаламрави Русия пинҳон мешаванд”, - хабар додааст намояндаи расмии ВКД Русия Ирина Волк.

Ӯ изҳор доштааст, ки ин ду нафари гумонбар аз ҷониби мақомоти салоҳиятноки Тоҷикистон мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шуда буданд.

Кормандони пулиси Русия макони будубоши онҳоро муайян намуда, бо дастгирии кормандони Росгвардия онҳоро дастгир кардаанд.

“Айни замон масъалаи истирдоди боздоштшудагон ба Тоҷикистон мавриди ҳаллу фасл қарор дорад”, - илова намудааст Ирина Волк.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.