Милитсияи пойтахт 4 ноболиғеро боздошт кардааст, ки дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе бе асос чанд нафарро латукӯб карданд. Ҳамаи онҳо хонандагони мактаб будаанд. Навори латукӯби чанд нафар дар шабкаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда, корбарон аз мақомот муҷозоти онҳоро талаб карда буданд.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз ин наврасон:
- Фатҳулло Садулоеви 18-сола, истиқоматкунандаи кӯчаи Р.Набиеви шаҳри Душанбе, хонандаи синфи 11-и мактаби №99,
- Сулаймон Ҳабибулозодаи 17-сола, истиқоматкунандаи кӯчаи К.Хуҷандии пойтахт, хонандаи соли якуми Литсейи техникӣ;
- Интизор Мавлонназарови 17-сола, истиқоматкунандаи кӯчаи Нахимови Душанбе (мактабаш ишора нашудааст,- муаллиф)
- Эҳсон Қурбонови 17 сола, истиқоматкунандаи кӯчаи Ю.Вафои пойтахт, хонандаи синфи 10 мактаби №50 ном бурдааст.
Онҳо “барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир карда шуданд”.

Ба иттилои ин ниҳод, аз ҷумла, Фатҳулло Садуллоев ва ҳамроҳони ӯ дар кӯчаи Балъамӣ, назди майдончаи варзишӣ, бе ягон асос як ноболиғи ҳамсоли худро бо мушту лагад ва чӯбдаст мавриди латукӯб қарор додаанд.
Ҳамчунин, Сулаймон Ҳабибулозода дар кӯчаи А.Ҷомӣ як марди сархушро мавриди латукӯб қарор додааст.
“Боиси таассуф аст, ки нобурдагон ҳамзамон ин амалҳои нангини худро ба навор гирифта, ҳамчун худнамоӣ дар шабакаҳои интернетӣ паҳн кардаанд, ки ин амали нангину ноҷавонмардонаи онҳо боиси вокунишҳои манфии шаҳрвандон гардид”, - гуфтааст РВК дар шаҳри Душанбе.
Ин ниҳод гуфтаст, ки “баъзе аз наврасоне ҳастанд, ки ба ҷойи андӯхтани илму дониш тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, ҳамзамон ин амали ғайриқонунии худро ба навор гирифта, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намуда, бо чунин амали нангин гӯё бартарию қаҳрамонии худро нисбат ба дигар ҳамсолон ба намоиш мегузоранд”.

Милитсияи пойтахт афзудааст, ки вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони мақомоти милитсия маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн гардид, ки чанд ноболиғ як ҳамсоли худ ва дар навори дигар як марди калонсолро зери оҳанги яке аз филмҳои русии “Слова пацана” мавриди латукӯб қарор медиҳанд. Корбарони шабкаҳои иҷтимоӣ дар шарҳи ин навор гуфтаанд, ки онҳо хонандагони яке аз мактабҳои пойтахт буда, шабона ба роҳгузарони оддӣ дармеафтанд ва онҳоро латукӯб мекунанд.
Онҳо аз мақомот даъват карда буданд, ки ин ноболиғон дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Бояд гуфт, ки чанд соли охир мақомоти милитсияи пойтахт дар асоси шикояти сокинон бархе аз озордиҳандагонро дар кӯчаву бозорҳо дастгир ва ҷазо медиҳад.
Мақоме боиси орзу, аммо бидуни таъсир ба фазои сиёсӣ. Тасвири симои вакили тоҷик
Ба оилаҳои аз заминларза зарардидаи Рашт беш аз 483 ҳазор сомонӣ кӯмак кардаанд
Чаро сабзавоту меваи Тоҷикистон бозори Қазоқистонро аз даст медиҳанд?
Бо ширкати театри 6 кишвар. Дар Душанбе ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ - “Наврӯз” баргузор мегардад
Тоҷикистону Эрон мехоҳанд раводид тавассути роҳҳои заминиро ҳам бекор кунанд
Тоҷикистону Арманистон оид ба таъсиси корхонаи муштарак мувофиқа ҳосил карданд
“Набудани ҳунарманд роҳбари театрро ба саҳна баровард”. Ҷашнвораи “Парасту 2025” чӣ бурду чӣ бохт дошт?
Дастхатҳои Қалъаи Кӯҳи Муғ ба феҳристи “Ҳофизаи ҷаҳонӣ”-и ЮНЕСКО шомил гардид
Меҳнатдӯст ва меҳанпарасти асил: Юсуфҷон Аҳмадов 75 – сола шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 4
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста