Додгоҳи ноҳияи Восеъ муовини собиқи раиси ҳамин ноҳия Алихон Худоёрзодаро ба иттиҳоми “баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ” ба 6,5 соли зиндон маҳкум кард.
Дар прокуратура ҳолатҳои парвандаи ҷиноятиро нисбати ӯ шарҳ надоданд, вале манобеи Радиои Озодӣ гуфтаанд, парвандаи ӯ ба тақсими нодурусти замин рабт дорад.
Абдулҳай Бегаҳмадзода, додситони ноҳияи Восеъ рӯзи 12-уми феврал дар нишасти матбуотии ҳукумати ин ноҳия гуфтааст, дар додгоҳ айби Худоёрзода тасдиқ шуд. Ӯ ҷузъиёти парвандаро шарҳ надода, вале гуфтааст, аъмоли муовини собиқи раисро муфаттишони додситонӣ тафтиш карда буданд.
Алихон Худоёрзода, муовини раиси ҳукумати ноҳияи Восеъ дар масъалаи сохтмон ва ҳамзамон раҳбари ҳайати давлатии тақсими замин моҳи феврали соли 2023 боздошт шуда буд. Муфаттишон фаъолияти ӯро аз соли 2017 ба ин сӯ тафтиш кардаанд.
Дар Тоҷикистон ҳамасола даҳҳо мансабдор барои тақсими ноодилона ё фурӯши ғайриқонунии замин боздошту зиндонӣ мешаванд.