Дар Душанбе ронандаи Toyota Саидмеҳроҷиддин Ҳотамшоҳ барои аз тирезаи автомашинаи худ ба берун партофтани партов ҳангоми ҳаракат ҷарима шуд. Дар ин бора Раёсати ВКД-и пойтахт хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ронанда дар асоси муроҷиати электронӣ ва матлаби дар шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" нашргардида боздошт шудааст.

“Ронанда зимни идораи воситаи нақлиёт боқимондаҳои афлесун, коғазпора ва пучоқи пиставу бодомро дар роҳи мошингард партофтааст”, - омадааст дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳангоми пурсиш номбурда ба кирдори содирнамудаи худ иқрор гашта, изҳори пушаймонӣ намудааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати Саидмеҳроҷиддини Ҳотамшоҳ тибқи талаботи моддаи 112 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ барои риоя накардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Ҳаҷми ҷаримаи муқарраршуда дар ин модда чунин аст: барои шахсони воқеӣ - аз 2 то 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда - 72 сомонӣ); барои соҳибкорони инфиродӣ, ки бо низоми патент кор мекунанд - аз 5 то 10 нишондиҳанда; барои шахсони мансабдор - аз 15 то 20 нишондиҳанда; барои соҳибкорони инфиродӣ, ки бар асоси шаҳодатнома кор мекунанд - аз 20 то 25 нишондиҳанда ва барои шахсони ҳуқуқӣ - аз 50 то 100 нишондиҳанда.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.