Дар вилояти Суғд давоми соли 2023-ум 176 ҷинояти вобаста ба терроризму экстремизм ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 73 ҳолат зиёд мебошад.
Ҷӯрабек Шерзода, муовини раиси додгоҳи вилояти Суғд гуфт, ки дар умум, соли 2023 дар ҳудуди вилоят 3 ҳазору 611 парвандаи ҷиноятӣ ба додгоҳҳо ворид шудааст ва ин 238 адад бештар нисбат ба соли 2022 мебошад.
“176 парвандаи воридшуда ба терроризм ва экстремизм вобаста мебошад, ки ин ҳам 73 ҳолат бештар аз соли 2022 аст. Теъдоди маҳкумшудагон бо иттиҳоми терроризму экстремизм ҳам афзоиш ёфта, 201 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2022 83 нафар бештар аст”, - гуфт Ҷӯрабек Шерзода.
Ба иттилои ин масъули додгоҳи вилояти Суғд, соли 2023 як ноболиғ ва як зан ҳам дар робита ба терроризму экстремизм муттаҳам шуда, аммо баъдан парванда нисбати онҳо қатъ шудааст.
Шаҳру навоҳии осебпазир
Тибқи иттилои Шерзода, соли 2023 дар 5 шаҳру ноҳияҳои вилоят бештар аз ҳама ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистидошта ба қайд гирифта шудааст:
Хуҷанд - 48 парванда;
Паҷакент - 25 парванда;
Исфара - 24 парванда;
Мастчоҳ - 16 парванда;
Истаравшан -15 парванда.
Дар 11 шаҳру навоҳии дигар аз 1 то 9 ҷинояти хусусияти террористиву экстремистидошта ба қайд гирифта шудааст.
Ноҳияи Шаҳристон ва шаҳри Бӯстон танҳо манотиқе будаанд, ки соли 2023 ҳеҷ як парвандаи хусусияти террористиву экстремистидошта боз нашудааст.
Камбуди ашёи хом, барқ ва пул. Панҷ мушкили асосии саноати хӯроквории Тоҷикистон
Парлумони Тоҷикистон қонун дар бораи соҳибкории иҷтимоиро қабул кард
“Ҷойи кор нест, нафақа барои зиндагӣ намерасад!” Имрӯз Рӯзи байналмилалии нобиноён таҷлил мегардад
Аз 1 то 13 сол. Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
“Рақс бикун ҷоно...” Дар Душанбе фестивали байналмилалии рақс идома дорад
Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати ҷавони 22-сола барои саркашӣ аз адои хидмати ҳарбӣ
Боздошти як мард барои дуздии беш аз 350 ҳазор сомонӣ аз мағоза
96 миллиард доллар. Маҳз ҳамин миқдор маблағ ба Тоҷикистон лозим аст, то дар шароити мутобиқшавӣ ба иқлим рушд кунад
Эмомалӣ Раҳмон: “Ният дорем, ки то соли 2037 Тоҷикистонро ба кишвари “сабз” табдил диҳем”
Марги 4 узви як хонаводаи тоҷик дар пайи сӯхтор дар Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста