Додгоҳи шаҳри Бохтар ду масъули марказҳои дилхушии “Рауфӣ” ва “Лион”-ро барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва иҷро накардани талаботи қонунии кормандони милитсия ҷиҳати танзими фаъолияти марказҳо 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ кардааст.
Ба иттилои Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, шаби 28-уми майи соли 2024 зимни як чорабинии мақсаднок кормандони милитсия муайян кардаанд, ки дар маркази дилхушии “Рауфӣ” ва “Лион” дар шаҳри Бохтар қоидаҳои реҷаи кории шабона риоя нашуда, оромии аҳолии гирду атроф халалдор мегардад.
“Масъулини марказҳои дилхӯшии болозикргардида ба ҷои ислоҳи камбудиҳо новобаста аз огоҳӣ ва таъкиди кормандони милитсия ҷиҳати риояи талаботи шаҳрдорӣ ва иҷрои реҷаи корӣ фаъолияти хизматрасониро берун аз реҷаи муқарраргардида идома додаанд”, - таъкид мешавад дар хабари Раёсат.
Дар пайи ин, нисбати ду нафар – Фирдавс Бобоалиев, раиси маркази дилхушии “Рауфӣ” ва Абдувоҳид Алимов, маъмури маркази дилхушии “Лион” протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳо бо қарори додгоҳ 5 шабонарӯз ҳабс шудаанд.
Бояд зикр кард, ки санҷишу назорати кори марказҳои дилхуши дар шаҳри Бохтар пас аз интиқоди Маҷид Муминзода, раиси шаҳр пурзӯр гардид. Ӯ зимни нишасти матбуотӣ аз фаъолияти марказҳои дилхушии шаҳр танқид карда гуфта буд, ки фаъолияти онҳо минбаъд зери назорати қатъи гирифта мешавад ва дар сурати риоя накардани талаботи қонунгузорӣ ва қоидаҳои шаҳрдорӣ, нисбати онҳо чораҳои зарурӣ то ҳаддӣ маъни фаъолият андешида мешавад.
Манбаъ: Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд боздошт шуд
Ҷузъиёти бештари созишномаи сарҳадӣ ошкор шуд. Тошиев бори дигар ба парлумон рафт ва аз созиши марзӣ гуфт
Шикоят доред? Муроҷиат кунед! Агентии зиддифасод имсол кадом ниҳодҳоро месанҷад?
Минбаъд кормандони милитсияи пойтахт ба театр мераванд
Файзалӣ Идизода раиси парлумони Тоҷикистон шуд
HRW аз Русия даъват кард, ки бегонаситезиро маҳкум ва аз ҳуқуқи муҳоҷирон ҳимоя кунад
Ҳамла ба “Крокус”. Додгоҳи шаҳри Маскав муҳлати ҳабси чор гумонбари дигарро тамдид кард
“Давраи беҳтарин дар корномаи касбӣ”. Раиси парлумоне, ки зиёд интиқод мешуд, ҳисобот дод
Тағйироти кадрӣ. Чанд сафир, муовини вазир ва ректори донишкадаҳо нав шуданд
Зеристгоҳҳо Тоҷикистону Қирғизистонро бо хати ягонаи интиқоли барқ мепайванданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста