Дар Душанбе 5 нафар ноболиғон, ки ба даст доштан дар марги ҳамсоли худ дар ҷараёни муноқишаву занозанӣ гумонбар дониста мешаванд, боздошт шуданд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, як сокини шаҳри Душанбе тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиат намудааст, ки гӯё ҷинояти авбошии гурӯҳии ноболиғон, ки дар натиҷаи он як нафар ба ҳалокат расидааст, дар сатҳи зарурӣ мавриди тафтиш қарор дода нашудааст.

Раёсати ВКД-и пойтахт таъкид мекунад, ки муроҷиати мазкур бевосита аз ҷониби роҳбарияти Раёсат мавриди санҷиш қарор дода шуда, ҳодисаи мазкур ҳамчун ҷиноят ба қайд гирифта шудаааст ва гумонбарон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Ба иттилои манбаъ, тахминан соати 20:40 дақиқаи рӯзи 9 май дар кӯчаи Беҳзоди ноҳияи Шоҳмансур ду гурӯҳи ноболиғон бо истифода аз кордҳо ба муноқишаву ҷанҷол ва занозанӣ оғоз кардаанд.

Дар натиҷаи латукӯб ноболиғ Р.Хушбахтов аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар беморхона ҳалок шудааст.

Миёни гумонбарон сокинони Душанбе: Ш. Б. - 16-сола, Р. У. - 16-сола, С. А. - 17-сола, М. И. - 15-сола ва Я. М. - 15-сола ҳузур доранд.

Аз рӯи ин далел мутобиқи моддаҳои 237 (Авбошӣ) ва 110 (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ боз шудааст.

Дар моддаи 237 ҷазои ҷарима дар ҳаҷми аз 500 то 1000 нишондиҳанда барои ҳисоб (1 нишондиҳанда - 72 сомонӣ) ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 2 сол пешбинӣ шудааст.

Дар моддаи 110-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 8 сол муқаррар шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.