Додгоҳи Шербинскии шаҳри Маскав дархости тафтишотро қонеъ намуда, мурабии мунтахаби Русия оид ба гӯштини тарзи озод Алишер Исматзодаро дар парвандаи марбут ба мусоидат ба терроризм ба ҳабс гирифт.
Тавре ки РИА Новости хабар медиҳад, нисбати ӯ чораи пешгирӣ дар шакли ба ҳабс гирифтан то 28 август таъин шуд.
Исматзода ба содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 205.1, қ 1-и Кодекси ҷиноятии Русия, ки ба терроризм марбут аст, гумонбар дониста мешавад. Дар ин модда то 15 соли маҳрумият аз озодӣ ҷазо пешбинӣ шудааст.
Муфаттиш дар ҷаласаи додгоҳ изҳор дошт, ки яке аз хешовандони Исматзода дар Сурия меҷангад ва дар Тоҷикистон мавриди пайгард қарор дорад. Ӯ инчунин зикр кард, ки Исматзода қаблан шаҳрванди Тоҷикистон буд ва дар ин кишвар робитаҳои устувор дорад.
Ба гуфтаи ӯ, Исматзода инчунин ба шахсоне, ки барои фаъолиятҳои террористӣ маҳкум шудаанд ё ба чунин ҷиноятҳо гумонбар мешаванд, маблағ интиқол медод. Дар байни онҳо маблағҳои 1 ҳазор, 9 ҳазор ва 100 рубл ҳам ҳастанд.
Худи Алишер Исматзода дар додгоҳ шарҳ дод, ки ӯ бо хешованде, ки ба Сурия рафтааст ва инчунин бо шахсони пайрави исломи тундагаро муошират намекард.
"Интиқолҳо ба Мамедов буданд, ӯ он замон як шаҳрванди одӣ буд, дар таксӣ кор мекард, мо лавозимот барои машқи гӯштин мехаридем... Ман худам шахси оиладор ҳастам ва исломи анъанавиро пайравӣ мекунам", - таъкид кард Исматзода, бидуни шарҳ додани кӣ будани Мамедов.
Ҳимоятгарон дар навбати худ гуфтанд, ки ба мард амалан ҷиноят дар шакли интиқоли маблағҳои хурд барои лавозимот таҳмил мешавад, дар ҳоле ки тафтишот ҳатто натавонистааст маълумотро дар бораи ин муомилот ба шакли пешбинишудаи қонунӣ алоқаманд созад.
"Зерҳимояи мо ҳеҷ гоҳ дар созмонҳои террористӣ иштирок накардаву нақшаи иштирокро низ дар онҳо надорад, зиндагии дунявӣ мебарад, ба ҷомеа мутобиқ шуда, се фарзанди ноболиғ дорад... Мо ба бегуноҳии ӯ исрор дорем", - изҳор доштааст адвокат, ки дар ин марҳила барои зерҳимояаш ҳабси хонагӣ дархост кард.
Алишер Исматзода - зодаи Тоҷикистон, устоди варзиши Русия оид ба гӯштии тарзи озод, корманди омӯзишгоҳи захиравии олимпии №1 аст. Федератсияи гӯштини варзишии Русия тасдиқ кардааст, ки ӯ мураббии дастаи занонаи мунтахаби Русия аст. Қаблан зикр гардида буд, ки Исматзода ахиран инчунин вазифаи мураббии дастаи ҷавонони мардонаи Русия оид ба гӯштии тарзи озодро иҷро мекард. Дар бораи боздошти мураббӣ 1 июл маълум шуд.
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шаҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Тавонмандсозии иқтисодии деҳқонону ҳунармандон дар Хатлон
Кумитаи тафтишотӣ қонунӣ будани онро месанҷад. Боз тақдими хона ба оилаи тоҷик дар Русия баҳсбарангез шуд
Манбаъ: Нархи нобудсозии мошинҳо то 16 ҳазор сомонӣ боло меравад
Душанбе ва Тошканд дар Помир корҳои иктишофи геологӣ мегузаронанд
Қатъи дурӯзаи барқ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе
Тоҷикистон мехоҳад узви Ташаббуси ҳамкории Осиё оид ба ғизо ва кишоварзии Корея шавад
Иштироки гӯштингирони Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста