Додгоҳе дар вилояти Ростови лаби Дони Русия Мадина Бондаренко, ҳамсари Парвиз Саидраҳмонов (Абу Довуд), ҷангҷӯйи тоҷики узви ДОИШ-ро ба 11 сол зиндон маҳкум кардааст.
Радио Озодӣ бо такя ба манобеи худ менависад, ки ҳукми Мадина Бондаренко дар аввали моҳи август содир шуд.
Ба иттилои ин расона, мақомоти Русия ба таври расмӣ ҳукмро шарҳ надодаанд, вале яке аз наздикони Мадина Бондаренко рӯзи 3-юми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ӯро “ба узвият ба созмони террористӣ гунаҳкор донистанд”.
Мадина Бондаренко ҳамсари Парвиз Саидраҳмонов, мулаққаб ба Абӯ-Довуд, нафаре, ки дар Тоҷикистон барои узвият дар ДИИШ гунаҳкор ва ба 21 соли зиндон маҳкум шудааст, мебошад. Ҳар дуи онҳоро якҷо бо чор кӯдакашон соли 2022 аз Туркия ба Душанбе оварданд.
Мадина Бондаренко осетин аст, шаҳрвандии Русияро дорад ва дар ин кишвар зери пайгард қарор дошт. Аз ин лиҳоз, Тоҷикистон соли гузашта ӯро ба Русия истирдод кард.
Манбаи Радио Озодӣ гуфтааст, ки Мадина узвияташро дар созмони террористӣ напазируфта, гуфтааст, “Абу Довуд” ӯро бо фиреб ба Туркия ва аз онҷо ба Сурия бурд. Аммо Парвиз Саидраҳмонов ба муфаттишони рус дар Душанбе баёнот додааст, ки ҳамсараш аз аввал медонист, ки ӯ дар Сурия аст ва соли 2017 ихтиёрӣ ба назди ӯ омада буд. Ба гуфтаи наздикони Мадина, ҳамин шоҳидии “Абу Довуд” боис шудааст, ки ӯро 11 сол зиндонӣ кунанд.
Нафари огоҳ аз қазия гуфтааст, додрас дар содир кардани ҳукм фарзанди ноболиғ доштани Мадинаро ба эътибор нагирифт. Додгоҳ гуфтааст, се фарзанди ӯ (аз Парвиз Абдураҳмонов) шаҳрванди Русия нестанд ва ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон дар тарбияи давлат қарор доранд.
Як фарзанди дигари Парвиз Абдураҳмонов аз ҳамсари тоҷики ӯ Ситора Фозилова аст, ки мактаб-интернат нигаҳдорӣ мешавад.
Афзоиши нархи патент дар Русия дар соли 2025. Дар кадом шаҳр чӣ қадар мешавад?
Варзишгоҳи нави Душанбе кай ба истифода дода мешавад?
Муаррифони шоиста. Соли 2024 киҳо Тоҷикистонро машҳур карданд?
Муҳлати афви маблағ ва амволи шаҳрвандон бори чаҳорум тамдид шуд
Дар пайи суқути ҳавопаймо ва марги 179 кас дар Куриё. Эмомалӣ Раҳмон ба и.в президенти ин кишвар ҳамдардӣ кард
Ду китоб ва 3 тавсия аз узви ИНТ. Чӣ гуна метавон узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шуд?
Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент ба номи Олим Бобоев гузошта шуд
Дар Соли нав дар кишвар барф намеборад. Ҳаво чӣ гуна хоҳад буд?
Путин қонуни манъи таҳсили фарзандони муҳоҷирон, ки забони русиро намедонанд, имзо кард
Идгардак, либоси бегона, пешвози ҳоҷиҳо ва бо мошин ба мактаб рафтан. Соли 2024 боз чиро расман манъ карданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста