Раёсати ВКД дар пойтахт дар бораи боздошти 15 ноболиғ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад. Тибқи иттилоъ кормандони шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт, 15-нафар ноболиғро барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ боздошт кардаанд.
Гуфта мешавад, ки 17-уми ноябр як гурӯҳ наврасон дар шаҳраки 64-уми ноҳияи Фирдавсӣ байни ҳамдигар сангпартоӣ ва муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардаанд. Ба навишти манбаъ навори ин муноқиша дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардидааст, ки дар асоси он мақомот чораандешӣ кардаанд.
“Вобаста ба ин, нисбати волидайни ноболиғон бо моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳамзамон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд”,-менависад манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки шоми 7-уми октябр дар шаҳри Душанбе як гурӯҳ ноболиғон, хонандагони синфҳои 10-и мактабҳои №42 ва №30 ноҳияи Фирдавсӣ бо истифода аз корд муноқиша карда буданд. Зимни санҷиш аз ҷониби кормандони пулис дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти мактабҳои мазкур 8 нафар иштироккунандаи муноқиша боздошт шуд.
Бояд гуфт, ки муноқиша ва қонунвайронкунӣ миёни ноболиғон боиси нигаронии мақомот низ гаштааст. Тибқи иттилои мақомоти кишвар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар доираи амалиёти “Корд” дар шаҳри Душанбе аз ноболиғон ва ҷавонон 62 адад силоҳи сард мусодира шудааст.
Таваққуфгоҳҳои холиву роҳҳои пур аз мошин. Чаро сокинон мошини худро дар таваққуфгоҳи зери биноҳо намегузоранд?
“Ялдо таваллуди офтоб аст”. Гузориш аз ҷашни Ялдо дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 декабри соли 2024
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста