Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе эълон кард, ки назоратро болои волидайне, ки масъулияти худро дар тарбия кардани фарзандашон иҷро намекунанд сахттар мекунад ва дар сурати аз уҳдаи тарбияи кӯдакон набаромадани падару модар онҳоро аз дасташон мегирад ва ба муассисаҳои махсуси таълимӣ месупорад. Дар ин хусус милитсияи пойтахт иттилоъ додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин тасмим “дар асоси тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ” амалӣ крада мешаввад.
Раёсати ВКД як ҳолати мазкурро расонаӣ кард, ки як ноболиғи 15-сола дар асоси ҳалномаи Додгоҳи ноҳияи Сино аз модараш гирифта шуда, дар муассисаи махсуси таълимӣ “Лисейи махсуси касбӣ - техникӣ”-и шаҳри Душанбе супорида шудааст.
Ба иттилои манбаъ Ҳакимов. У, сокини 15-солаи шаҳри Душанбе силсила ҷиноятҳои дуздиро содир карда, шабона ба оворагардӣ ва дар роҳҳои мошингард ба талбандагӣ машғул мешудааст.

Мақомот санҷиш гузаронида муайян кардааст, ки Манзура Суфиева, модари ноболиғ дар таълиму тарбияи фарзандаш “бемасъулиятии ҷиддӣ зоҳир намуда, ӯро ба оворагардию талбандагӣ маҷбур сохтааст”.
“Бо назардошти ҳолатҳои мазкур, нисбати модари ноболиғ Манзура Суфиева моддаи 73-и Кодекси оилаи Тоҷикистон, ки гирифтани кӯдакро бе маҳрум кардани волидон аз ҳуқуқи падару модарӣ иҷозат медиҳад, татбиқ карда шуд”,- навиштааст Раёсати ВКД.
Мақомот мегӯяд, ки ин тадбир дар таълиму тарбияи наврас ва омӯхтани малакаҳои касбӣ мусоидат менамояд.
Бояд гуфт, ки соли 2024, номи қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба қонун “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” иваз карда шуд. Тибқи ин тағйирот масъулияти тарбияи фарзанд на танҳо ба дӯши падару модарон, балки ба зиммаи омӯзгорон, муассисаҳои таълимӣ ва мақомоти давлатӣ низ гузошта шудааст.
Дар таҳрири нави қонун моддаҳои иловагӣ ворид карда шуданд, ки ба мубориза бо ифротгароӣ, хушунат ва табъиз нисбати кӯдакон нигаронида шудаанд.
Илова бар ин, қонун истифодаи муҷозоти ҷисмониро дар ҳама гуна шароит, чӣ дар хона ва чӣ дар мактаб нисбати ноболиғон манъ мекунад.
Соли гузашта ба Кодекси ҷиноятӣ тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи он (моддаи 164 КҶ) нафароне, ки монеи таҳсили хонандагон дар мактабҳои миёна мешаванд, ҷазои ҷиноятӣ пешбинӣ мегардад.
Ҳамчунин ҷазо барои иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғ (моддаи 174 КҲ) дар таҳрири нав ифода ёфта, мутобиқи он андозаи ҷарима зиёд гардида, дар як вақт ба сифати ҷазои алтернативӣ корҳои ҳатмӣ низ пешбинӣ гардидааст.
Ёдрас мешавем, ки Додситонии Тоҷикистон дар соли 2024-ум 237 ҳолати монеъ шудан ба дастрасии кӯдакон ба таҳсилоти умумии ҳатмиро ошкор кардааст. Ҳамчунин, беш аз 3 ҳазор парванда барои нақзи қонун “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдакон” ифтитоҳ гардидааст.
Нархи нобудсозии мошин. БДА овозаи аз 10 то 15 ҳазор сомонӣ шудани нобудсозии нақлиётро рад кард
ҲАМОС ҷасади чаҳор гаравгонро ба Исроил супорид
Таваҷҷуҳи фаронсавиҳо ба сохтмони НБО дар дарёи Зарафшон
“Равшан”-и Кӯлоб шарти дастаи Русияро ба 1 млн рубл қабул кард
Додгоҳи олӣ: Ҳамаи маҳкумшудагони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” аз ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд
Лавров: “Шартномаи душаҳрвандӣ ба манфиатҳои Тоҷикистону Русия ҷавобгӯ аст”
Ҷодугарӣ ва фолбинӣ. Вазир гуфт, беш аз 1100 нафар боздошт шуданд
Муҳлати боздошти муттаҳамони ҳамла ба “Крокус” барои як моҳи дигар дароз карда шуд
Сокинони Тоҷикистон дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Сергей Лавров гуфт, зидди реҷаи раводид барои муҳоҷирони корӣ аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста