Рӯзи 14 майи соли 2025 президенти Тоҷикикистон Эмомалӣ Раҳмон қонун “Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии ҶТ”-ро ба имзо расонид, ки мувофиқи он ҷавобгарии ҷиноятӣ барои гузоштани "лайк" (писандидан), бознашр (репост) ва дигар шаклҳои вокуниш дар шабакаҳои иҷтимоӣ бекор карда мешавад.
Пеш чӣ гуна буд?
Соли 2018 ба моддаи 179-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон тағйирот ворид шуд, ки дар онҳо барои давъатҳои оммавӣ ба фаъолияти террористӣ ва сафедкунии терроризм бо шумули амалҳо дар интернет муҷозот пешбинӣ шуда буд.
Лайку бознашр ва шарҳҳои зери мавод, ки ба ифротгароиву терроризм алоқаманд буданд, ба сифати далели даст доштан ба фаъолияти ҷинояткорӣ дониста мешуданд. Мувофиқи тағйирот, барои ин амалҳо ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 15 сол пешбинӣ гардида буд.
Аз ҷумла, ба моддаи 179, ки ба даъватҳои оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ” дахл дорад, калимаҳои “дар шабакаи интернет” илова шуд, ки ба истифодаи амали корбарон дар интернет ("лайк", бознашр, шарҳҳо) ба сифати далели терроризмро дастгирӣ кардани онҳо имкон медод.
Дар моддаи 307 Кодекси ҷиноятии ҶТ (даъватҳои оммавӣ ба экстремизм) низ муҳҳлатҳои зиёди зиндон - аз 3 то 12 сол пешбинӣ шудааст.
Президент: “Ба ин амал бояд хотима бахшид”
Моҳи октябри соли 2024 президенти Тоҷикистон таҷрибаи оғоз кардани парвандаҳои ҷиноятӣ барои "лайк"-у бознашрро интиқод карда, изҳор дошт, ки он хато аст ва таъкид дошт, ки амалҳо дар интернет ба мисли "лайк"-у шарҳҳо набояд ба таври худкор (автоматӣ) ҷиноят дониста шаванд.
Ин изҳорот дар пасманзари афзудани шумори парвнадаҳое, ки дар он шаҳрвандон ақидаи худро баён кардаанд ё тасодуфан бо маводи ходимони дин ва мухолифон дар интернет мароқ зоҳир кардаанду ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд, садо дод.

Соли 2024 муовини додистони кулли ҷумҳурӣ Умед Каримзода хабар дод, ки ҳоло зиёда аз 1500 нафар шаҳрвандон бинобар гузоштани “лайк” дар навору гузоришҳои интернетӣ ва навиштани “шарҳу мулоҳизаҳои дорои мазмуну муҳтавои террористӣ экстремистӣ” дар зиндонҳо қарор доранд.
Қонун қувваи бозгашт дорад
Муассиси ширкати ҳуқуқшиносии “Ҳимоя”Наврӯз Одинаев аз тағйирот дар қонун ҷонибдорӣ намуда, изҳор дошт, ки ин як қадами муҳим барои таъмини адолати ҳуқуқӣ ва ҳимояи озодиҳои шаҳрвандӣ мебошад.
“Чунин тағйирот хурсандиовар аст. Ҷавобгарӣ танҳо барои лайк гузоштан таҷрибаи хатарнок ва аз лиҳози ҳуқуқӣ нопойдор аст. Ин бояд ҳамроҳ бо дигар ҳолатҳо баррасӣ шавад. Масалан, оё шахс ҳадаф дошт, ки ифротгароиро дастгирӣ кунад? Оё ӯ оқибатҳои амали худро дарк карда метавнист?”, - мегӯяд Одинаев.
Ғайр аз ин, ҳуқуқшинос хотиррасон намуд, ки Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба қувваи бозгашти қонун роҳ медиҳад, агар он ҷазоро сабук созад ё ҷинояткорона будани амалро истисно кунад. Ин чунин маъно дорад, ки тағйироти нав метавонанд на танҳо ба парвандаҳои минбаъда, балки ба ҳукмҳои аллакай содиргардида низ таъсир расонанд.
Аз ҷумла дар моддаи 13 Кодекси ҷиняотии ҶТ гуфта мешавад: “Қонуни ҷиноятие, ки ҷиноят будани кирдорро бартараф мекунад, ҷазоро сабук ё ба тариқи дигар вазъи шахси ҷиноят содиркардаро беҳтар мекунад, қувваи бозгашт дорад”.
Одинаев зикр кард, ки ин ба маҳкумшудагон ҷиҳати пешниҳоди дархост дар бораи бозбинии ҳукм ё сабук кардани ҷазо имкон медиҳад.
Ин нуктаи муҳим аст, зеро шаҳрвандони қаблан бо моддаҳои амалкунанда маҳкумшуда акнун метавонанд ба бозбинии парвандаҳои худ умедвор шаванд.
Ҳуқуқшинос махсусан таъкид намуд, ки ин навоварӣ маънои ба таври худкор (автоматӣ) озод гардидани маҳкумшудагонро надорад.
“Бо вуҷуди ин, имкони бозбинии ҳукм барои пешниҳоди дархост ва сабуксозии ҷазо асоси ҳуқуқӣ медиҳад. Муҳим аст, ки фавран амал кард ва аз ин ҳуқуқ истифода бурд”, - бори дигар шарҳ дод ӯ.
“Бекор кардани модда бояд танҳо қадами аввал бошад”
Собиқ додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон Ватан Абдураҳмонов низ аз тағйирот дар қонунгузорӣ ҷонибдорӣ кард. Зимни суҳбат бо “Азия-Плюс” ӯ чунин изҳори назар кард:
“Амри президент ба изҳори бештар озодонаи ақида, лекин бидуни аломатҳои нияти бад ба сохтори конститутсионӣ мусоидат мекунад. Албатта, ин ба баррасии бештар одилонаи парвандаҳо дар додгоҳҳо таъсир мерасонад. Лайку бознашрҳо ба усулуҳои муайянии ҳуқуқӣ мувофиқат намекарданд”.

Роҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи «Свобода Евразии» Лейла Сейитбек бар ин назар аст, ки бекор шудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои лайку бознашрҳо дар Тоҷикистон, ба таври қобили мулоҳиза натиҷаи интиқоди доимӣ аз ҷониби ҷомеаи байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ аст.
Дар мусоҳиба ба “Настоящее время» Сейитбек изҳор доштааст, ки бекор шудани модда бояд қадами аввал ва иқдоми минбаъда озодкунии садҳо маҳкумшудагон тибқи моддаҳои бекоргардида бошад.
Ӯ ҳамчунин илова намуд: “Ба назари ман, бозбинии ҳукумҳои қаблан содиргардида имкон дорад. Агар дар қонуни нав сабуксозии ҷазо пешбинӣ шуда бошад, пас он қувваи бозгашт дорад. Ин масъалаҳо аз ҷониби мақомоти додситонӣ оид ба назорат дар муасисаҳои ислоҳӣ ҳал мешаванд. Дар ҳамин ҳол, ҳамааш бояд ба қонуни асосӣ - Конститутсия мутобиқ бошад”.
Дар ҳамин ҳол, дарёфти шарҳу тавзеҳ аз Додгоҳи олӣ оид ба масъалаи имкони бозбинии парвандаҳо аз рӯйи тағйироти нав ба “Азия-Плюс” ҳоло муясссар нашуд. Дар фурсати наздиктарин мо ба онҳо бо дархости хаттӣ муроҷиат мекунем.
"Бо сухан сурат кашид!". Маҳфили адабӣ ба ифтихори 80-солагии шоир Ҳабибулло Файзулло дар Ховалинг
Оғози парвози ҳавопаймоӣ миёни Душанбе ва Ванҷ. Аввалин парвоз кай ва нархи чипта чанд аст?
“Худо Эрони азизи моро дар паноҳаш нигаҳ дорад”. Сокинон Тоҷикистон ба даргирӣ миёни Исроилу Эрон чӣ назар доранд?
Кӯдаконро дар кадом истироҳатгоҳ ва бо чӣ шарту шароит метавон ба фароғат фаро гирифт?
Боздошти як зодаи Тоҷикистон баъди тақдими гувоҳнома барои хариди хона дар Русия
Мушакпартоиву бомбандозӣ ва аввалин гуфтугӯ дар Женева. Нӯҳумин рӯзи даргирӣ миёни Исроил ва Эрон
Қаҳрамонҳо баргаштанд. Пешвози бошукӯҳи ҷудокорони тоҷик аз Қаҳрамонии ҷаҳон-2025
Дар Тоҷикистон давоми 5 моҳ барои “дуздӣ”-и барқ 130 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 июни соли 2025
Кӯдакон дар куҷо машқи футбол кунанд? Суроға ва рақами тамоси мактабҳои футбол дар Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста