Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли кишвар ангезаи кушторҳои пурсарусадои соли гузашта дар Конибодом ва ҳукми абади чаҳор гумонбари асосии ин қазияро шарҳ дод.

Ӯ зимни нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, тафтишот маълум кард, ки силсилакушторҳо дар Конибодом бо мақсади ғоратгарӣ ва тасарруфи молу амвол содир шуда, “ягона мақсади гунаҳкорон ба даст овардани маблағ буд”.

“...дар рафти ин ҷиноятҳо ба ҳамин корҳо даст заданд, аз ҷумла, ҳам куштор шуд, ҳам таҷовуз ба номус шуд ва ҳам дигар корҳо содир шудааст, ки дар тафтишот муайян шудааст”,-гуфт Ҳабибулло Воҳидзода. 

Ба иттилои ӯ, дар ин силсилакушторҳо 15 нафар аъзои 5 оила ба қатл расонида шудаанд, ки 5 нафари онҳо ноболиғ будаанд. Дар ҳамин ҳол, қаблан дастикам номи 23 нафар аъзои 7 оила расонаӣ гардида буд, ки аз сӯи афроди ношинос кушта шуданд.

Ҳабибулло Воҳидзода
Акс аз Asia-Plus

Додситон аз 4 нафар, ки дар пайванд ба кушторҳо боздошт ва ба ҳукми абад маҳкум шуданд, ном бурд:

- Худойбердиев Солеҳҷон 26-сола, сокини деҳаи Гулбоғи шаҳри Конибодом;

- Тухтаев Аҳадҷон 27-сола, сокини  деҳаи Гулбоғи шаҳри Конибодом;

- Равшанов Бахтиёр 36-сола, сокини деҳаи Санҷидзори шаҳри Конибодом;

- Сатторов Марат, сокини деҳаи Сайҳуни шаҳри Конибодом.

Бояд гуфт, қаблан дар иттилоияи Додситонии кул дар моҳи декабр, ки дар авҷи кушторҳо нашр шуд, номи Одилов Манучеҳр низ чун шарики ин ҷиноятҳо ном бурда мешуд. Вале дар нишасти матбуоти Додситонии кулл таъкид гардид, ки даст доштани ӯ дар қатлҳо собит нашудааст.

Ба иттилои ин ниҳод, Одилов дар қатлҳо иштирок надоштааст, вале ҷиноятҳои дигар содир кардааст. Ӯ ба таҷовуз ба номус муттаҳам дониста шуда, барои ин ҷиноят ба 25 соли зиндон маҳкум шудааст.

Қаблан, дар пайванд ба ин қазияҳо бо ҳукми додгоҳ Шарифҷон Ашӯров низ ба 20 соли зиндон маҳкум шуда буд. Наздикони ӯ ба бегуноҳиаш таъкид мекунанд.

Қаблан Диловар Ализода, нозири калони гуруҳи таҳлилӣ-назоратии Шӯъбаи ВКД дар Конибодом дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки дар пайванд ба кушторҳо нисбати ду шаҳрванди Қирғизитон парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ шудааст ва онҳо дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доранд.

Ӯ аз ин ду нафар Исоев Норбулсун, Мақсадбеков Қутманбек ном бурда буд.

Дар ҳамин ҳол, Ҳабибулло Воҳидзода дар шарҳи ширкати шаҳрвандони Қирғизистонон чунин гуфт:

“Аз сабаби онки шахсияти баъзе одамҳо маълум ки, нест то шахсияти онҳоро мо маълум накунем, ки ин шаҳрванди куҷо аст, кӣ ҳаст бо гуруҳи тафтишотӣ, мо гуфта наметавонем, ки ин шаҳрванди ин ё он давлат ҳаст. Албатта дар дохили тафтишоти парвандаҳои ҷиноятӣ баъзан нишондод нисабати шахсони дигар, ки фақат номашон ё номҳое, ки аз худашон ҳам нест ном гирифта мешавад корбарӣ карда мешавад”.

Бояд гуфт, силсилакушторҳо дар Конибодом ва маҳаллаҳои гирду атрофи он охири моҳи марти соли 2024 оғоз шуда буд. Кушторҳои пайдарпай дар он шабу рӯз тарсу ҳарос ва нигаронии сокинонро ба вуҷуд овард.

Дар бораи силсилаи кушторҳо дар Конибодом муфассал дар маводи “Як сол баъд аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом. Чанд кас куштаву чанд нафар боздошт шуд ва тафтишот ба куҷо расидааст?” метавонед мутолиа кунед.

Ҳамчунин, дар бораи баъзе ҷузъиёти боздошт ва зиндагиву фаъолияти муттаҳамони дастгиршуда дар матлаби “Аз 4 гумонзад 3 нафар маҳбуси собиқанд. Сӯҳбат бо наздикони гумонбарони кушторҳои пайиҳам дар Конибодом” метавонед маълумоти бештар гиред.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.