Исматулло Абдуллозода, раиси пешини Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва чанде аз зердастони собиқаш ба тасарруфи 1 млрд 245 млн сомонӣ маблағи фурудгоҳ тавассути "ширкатҳои якрӯза" гумонбар мешаванд. Тибқи иттилои расмӣ, танҳо худи Абдуллозода ба тасарруфи 961 млн сомонӣ ё муодили 100 млн доллар гумонбар буда, ҳоло дар боздошт аст.
Дар ин бора Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонсии зиддифасоди кишвар дар нишасти матбуотии имрӯза, 8-уми август хабар дод.
Номбурда гуфт, дар доираи ин парванда дар маҷмуъ, нисбати 22 нафар аз ҷумла, Исматулло Абдуллозода, директори фурудгоҳ, Аслиддин Маликзода, муовини директор, Давлатов (номи дигаронро зикр накард), сардори хадамоти таъминот ва хидматрасонии фурудгоҳ, Холов, мудири анбор, Исматуллозода, сармуҳосиб, Ҷураев, хазинадори фурудгоҳ, инчунин роҳбарони намояндагони ширкатҳои молрасон парвандаи ҷиноятӣ боз шудаааст.

Сулаймон Султонзода гуфт, нисбати онҳо бо моддаи 245 қисми 4 банди б (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон) ва 340 қисми 2 бандҳои а, б (сохтакории такрории ҳуҷҷатҳотакрорӣ бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гурӯҳи одамон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиши пешакии парванда идома дорад. Моддаи аввал аз пардохти ҷарима то шаш сол зиндон ва моддаи дуввум аз панҷ то ҳафт сол зиндонро пешбинӣ мекунад.
Ба иттилои манбаъ, онҳо ба “нақдикунанонӣ ва тасарруфи маблағҳои ҷамъият бо баҳонаи харид ва таъмини молу маводҳои зарурӣ” гумонбар мешаванд.
“Аз ҷониби масъулини ҷамъият тавассути истифодаи ширкатҳои якрӯза нақдикунанонӣ ва тасарруфи маблағҳои ҷамъият бо баҳонаи харид ва таъмини молу маводҳои зарурӣ дар ҳаҷми 1 млрд 245 млн сомонӣ ошкор карда шудааст”, - гуфт директори Оҷонсии зиддифасод.
Аз ин ниҳод гуфтанд, тафтиши молиявии ин ниҳод фаъолияти 4 соли охир (2022-2025)-и фурудгоҳро дар бар гирифт.
Султонзода гуфт, то имрӯз аз маблағҳои тасарруфшуда 281 млн сомонӣ ба буҷети давлат бақарор шуда, “ҷиҳати барқарор кардани маблағҳои боқимондаи зарар чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст”.
Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли равон Исматулло Абдуллозода ҳамроҳи муовинонаш бо сабаби "ошкор шудани камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияташон зимни санҷиши молиявӣ" аз вазифа озод гардиданд.
Ба ҷои Абдуллозода, ки аз соли 2016 директори фурудугоҳ буд, Зайнулло Шарифзода роҳбари нави ин ниҳод таъин гардид. Шарифзода то ин дам директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди ҳукумати Тоҷикистон кор мекард.





Медали тиллои таэквондочии тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалӣ дар Беларус
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 43
Дар Тоҷикистон 200 нафар занон метавонанд то 110 ҳазор сомонӣ грантҳои президентиро дарёфт кунанд
“Беш аз 180 ҳазор ҷой намерасад”. Муовини вазири маориф як мушкили гузаштан ба низоми таҳсили дувоздаҳсоларо шарҳ дод
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 марти соли 2026
Идомаи ҳамлаҳои шадид ба Теҳрону Тел-Авив ва изҳороти ду тараф дар бораи поёни ҷанг. Шабонарӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Дар 31 муассисаи Тоҷикистон хонандагон дар се баст таҳсил мекардаанд
Чин дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 9 иншооти сарҳадӣ месозад
Сарфи назар аз афзоиши содирот, касри тавозуни савдои Тоҷикистон зиёд шудааст
“Намоде аз вафодорӣ ба пешаи интихобкардааш”. Тоҷинисо Саидоваро дар оромгоҳи Лучоб ба хок супориданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста