Душанбе. 3-юми июн. «Азия-Плюс» — | Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Гурўҳи таҳияи чораҳои молиявии мубориза бо қонунигардонии маблағ аз Гурўҳи Авруосиё оид ба мубориза бо қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ ва маблағгузории терроризмро, ки таҳти роҳбарии Ёвари иҷроияи Котиботи Дафтари гурўҳи мазкур, Муовини вазири молияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Даниел Гласер ба Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷкистон бо ин созмони бонуфузи байналмилалӣ доир ба мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва хусусан бо ҷиноятҳои коррупсионӣ баррасӣ гардид.
«Таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини волоияти қонун ва пурзўр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳукумати Тоҷикистон аст», - изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Зикр гардид, ки дар ҳамкорӣ бо Гурўҳи Авруосиё оид ба мубориза бо қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ ва маблағгузории терроризм ва бо тавсияҳои ин созмон дар Тоҷикистон корҳои зиёди самарабахш анҷом ёфтаанд. Аз ҷумла, Раёсати назорати молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон, ки бо ҳамин мақсад таъсис ёфтааст, дар мубориза бо қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ ва маблағгузории терроризм бо сохторҳои марбутаи кишвар ҳамкории босамар ба роҳ мондааст. ҳамчунин қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳҳои ҷиноӣ бадастомада ва маблағгузории терроризм» таҳия ва қабул гардид. Дуюним маротиба афзудани ошкорсозии ҷиноятҳои коррупсионӣ низ натиҷаи пурзўр шудани чунин мубориза дар Тоҷикистон арзёбӣ гардид.
Даниел Гласер ба қадамҳои нахустини Тоҷикистон барои мутобиқ намудани қонунгузорӣ ва санадҳои ҳуқуқии кишвар ба стандартҳои байналмилалии вобаста ба ин самт баҳои мусбӣ дода, изҳори боварӣ намуд, ки Нақшаи мушаххаси тадбирҳои минбаъдаи ҳукумати Тоҷикистон дар самти мубориза бо қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ ва маблағгузории терроризм таҳия ва қабул шуда, охири моҳи июни соли равон дар ҳамоиши Гурўҳи Авруосиё оид ба мубориза бо қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ ва маблағгузории терроризм мавриди баррасӣ ва дастгирӣ қарор мегирад.
Барои таъмини самараи бештар аз чунин мубориза густариши ҳамкории сохторҳои Гурўҳи Авруосиё оид ба мубориза бо қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ ва маблағгузории терроризм бо мақомоти дахлдори Тоҷикистон, аз ҷумла мубодилаи доимии таҷрибаю иттилоот, кўмакҳои техникӣ ва омўзишу бозомўзии мутахассисон зарур шумурда шуд.
Афзоиши нархи патент дар Русия дар соли 2025. Дар кадом шаҳр чӣ қадар мешавад?
Варзишгоҳи нави Душанбе кай ба истифода дода мешавад?
Муаррифони шоиста. Соли 2024 киҳо Тоҷикистонро машҳур карданд?
Муҳлати афви маблағ ва амволи шаҳрвандон бори чаҳорум тамдид шуд
Дар пайи суқути ҳавопаймо ва марги 179 кас дар Куриё. Эмомалӣ Раҳмон ба и.в президенти ин кишвар ҳамдардӣ кард
Ду китоб ва 3 тавсия аз узви ИНТ. Чӣ гуна метавон узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шуд?
Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент ба номи Олим Бобоев гузошта шуд
Дар Соли нав дар кишвар барф намеборад. Ҳаво чӣ гуна хоҳад буд?
Путин қонуни манъи таҳсили фарзандони муҳоҷирон, ки забони русиро намедонанд, имзо кард
Идгардак, либоси бегона, пешвози ҳоҷиҳо ва бо мошин ба мактаб рафтан. Соли 2024 боз чиро расман манъ карданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста