Душанбе. 14-уми июн. «Азия-Плюс» — | Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Бундестаги (Парлумони) Ҷумҳурии Федеративии Олмонро, ки таҳти сарварии Дагмар Энкелманн ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

 Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар чаҳорчўби муносиботи дуҷониба ва ҳам Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.

 Тавре зикр гардид, ҳадафи асосии ҳайат шиносоӣ бо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди кишварҳои минтақа ва рафти татбиқи амалии Стратегияи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ мебошад.

 Аз ҷараёни дастрасӣ ба ҳадафҳои ин стратегия дар баъзе соҳаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

 Изҳори боварӣ карда шуд, ки бо мусоидати Иттиҳоди Аврупою  ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷаҳду талоши худи кишварҳои минтақа дар самти бартарафсозии мушкилоти мавҷуда, аз ҷумла рафъи камбизоатӣ, коҳиш додани сатҳи бекорӣ ва ҳаллу фасли проблемаҳои вобаста ба обу энергетика низ натиҷаҳои назаррас ҳосил мешаванд.

Таваҷҷўҳи зиёд ҳамчунин ба масоили вобаста ба демократикунонии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таҳкими мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир зоҳир гардид.