Душанбе. 14-уми июн. «Азия-Плюс» — Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар кард. 

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ оданд, дар фурўдгоҳи байналмилалии пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубхон Давлатов ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

 Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ ҳамрохон Зарифӣ, Мушовири давлатии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, Вазири рушди иқтисод ва савдо Фаррух Ҳамралиев, Раиси Кумитаи  давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов, Вазири тандурустӣ Нусратулло Салимов ва Директори Агентии назорати маводи нашъаовар Рустам Назаров Ҳамроҳӣ мекунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати кишвар иттилоъ дод, дар доираи чорабиниҳои нишасти мазкур сарвари Давлати Тоҷикистон бо сарони кишварҳои Покистон, Эрон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Қазоқистон гуфтушунидҳои дуҷониба анҷом хоҳад дод.

Бино ба маълумоти ВАО-и Қазоқистон, дар нишаст натиҷаҳои фаъолияти СҲШ дар тӯли даҳ соли сипаришуда таҳлил ва дурнамои рушди минбаъдаи он баррасӣ шуда, ҳамчунин атрофи маҷмӯи масоили вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа табодули афкор сурат хоҳад гирифт. Аз рӯйи натиҷаҳои нишаст қабули Эъломияи даҳсолагии СҲШ дар Остона дар назар аст. Пас аз анҷоми нишаст раёсати созмон ба мӯҳлати як сол аз Қазоқистон ба Чин вогузор мегардад.