Душанбе. 17-уми июн. «Азия-Плюс» — | Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов вакили Парлумони Олмон, ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои энергетикӣ, спикери иқтисодии фраксияи ҳизби ҳокими Бундестаг (ИМД/ИМИ) доктор Йоахим Пфайфферро ба ҳузур пазируфт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон, аҳамияти минтақавӣ доштани лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон, зарурияти тақвият додани инфрасохтори коммуникатсионии минтақавӣ, масъалаҳои экологӣ, вазъият дар Афғонистон ва дигар масъалаҳои мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Роҷеъ ба масъалаҳои зикргардида Муовини вазир маълумоти муфассал оид ба лоиҳаҳои энергетикию коммуникатсионӣ ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ин лоиҳаҳо ба ҷониби олмонӣ пешниҳод намуд.
Афзоиши нархи патент дар Русия дар соли 2025. Дар кадом шаҳр чӣ қадар мешавад?
Варзишгоҳи нави Душанбе кай ба истифода дода мешавад?
Муаррифони шоиста. Соли 2024 киҳо Тоҷикистонро машҳур карданд?
Муҳлати афви маблағ ва амволи шаҳрвандон бори чаҳорум тамдид шуд
Дар пайи суқути ҳавопаймо ва марги 179 кас дар Куриё. Эмомалӣ Раҳмон ба и.в президенти ин кишвар ҳамдардӣ кард
Ду китоб ва 3 тавсия аз узви ИНТ. Чӣ гуна метавон узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шуд?
Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент ба номи Олим Бобоев гузошта шуд
Дар Соли нав дар кишвар барф намеборад. Ҳаво чӣ гуна хоҳад буд?
Путин қонуни манъи таҳсили фарзандони муҳоҷирон, ки забони русиро намедонанд, имзо кард
Идгардак, либоси бегона, пешвози ҳоҷиҳо ва бо мошин ба мактаб рафтан. Соли 2024 боз чиро расман манъ карданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста