Душанбе. 20-уми июн. «Азия-Плюс» — | Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 25-26-уми июни соли равон дар кори Конфронси байнулмилалии Теҳрон оид ба масоили муборизаи глобалӣ бо терроризми ҷаҳонӣ, ки бо ташаббуси президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод доир мегардад, ширкат хоҳад варзид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи огоҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод,  дар чаҳорчӯби сафари худ ба Теҳрон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор ҳайатҳои кишварҳое, ки дар конфронс иштирок мекунанд, мулоқотҳои дуҷониба анҷом хоҳад дод.

Интизор меравад, ки зимни суханронии худ дар конфронс президенти Тоҷикистон ба масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бо терроризми байнулмилалӣ ва ҳалли мушкилоти вазъи кунунии Афғонистон таваҷҷӯҳи хосса зоҳир хоҳад кард.