Душанбе. 21-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар бинои Академияи улуми ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин бахшида ба 20-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон конфронси олимон ва пажӯҳишгарони Чин доир гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, сафири Тоҷикистон дар Чин Рашид Олимов ба иштирокчиёни конфронс перомуни дастовардҳои Тоҷикистон дар замони истиқлол маълумот дода, зикр кард, ки истиқрори сулҳ дар соли 1997 ба мардуми тоҷик барои истифодаи имконоти эҷодӣ ва сохтмони густардаи ҳаёти нав шароит фароҳам овард.
Олимов таъкид кард, ки ҳалли низоъи тоҷикон ва даст ёфтан ба сулҳу субот ба таърихи сулҳофарии СММ ба сифати намунаи нодири ҳалли мухолифат миёни нерӯҳои гуногуни сиёсӣ ворид шудааст.
Сафир иброз доштааст, ки айни замон вазифаи асосии ҳукумати Тоҷикистон рушди иқтисоди миллӣ буда, расидан ба истиқлоли энергетикӣ, таъмини амнияти ғизоӣ ва раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ самтҳои афзалиятнок маҳсуб меёбанд.
Конфронси мазкур мавриди таваҷҷӯҳи олимон ва пажӯҳишгарони Чин қарор ёфта, дар кори он намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Чин, олимони Академияи муносибатҳои муосири байнулмилалӣ, олимону коршиносони марказҳои илмии Русия, Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказиву як қатор пажӯҳишгоҳу макотиби олии Чин ва рӯзноманигорон ширкат варзиданд.
Собиқ сафири Чин дар Тоҷикистон Фу Тсюанчжан дар фарҷоми конфронс изҳор дошт, ки «Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи марказӣ мавқеъи муҳим дошта, хатти аввали мудофиа аст, ки амнияти минтақаро таъмин месозад. Тоҷикистон таъриху фарҳанги бою ғанӣ дошта, мардуми онро ояндаи хушбахт интизор аст».
Ӯ мегуфт, “пешрафти Тоҷикистон, иззати ҳамаи мост”. Даргузашти Раисӣ ба муносибати Тоҷикистону Эрон чӣ таъсир метавонад расонад?
“Муҳлати дароз, набудани шароит ва меҳтарсолорӣ”. Чаро бархе ҷавонони тоҷик хоҳиши ба хидмати ҳарбӣ рафтанро надоранд?
Аз 25 май дар Душанбе автобусҳои дуошёнаи сайёҳӣ ба равуо оғоз мекунанд
Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шӯрои сарвазирони кишварҳои узви ИДМ иштирок мекунад
Баҳодур Усмонов бо муштзани Русия рақобат мекунад
Шакар дар Тоҷикистон қимат мешавад. Чаро истеҳсолоти худӣ нест?
Эмомалӣ Раҳмон барои видоъ бо Иброҳим Раисӣ ба Эрон рафт
Сиёсатмадоре бо мавқеи устувор. Назари ҳамкорону ҳамкасбон дар бораи Раҳматилло Зоиров
Сомон Маҳмадбеков медали деринтизори чемпионати ҷудои ҷаҳонро ба даст овард
Қабули ҳуҷҷатҳо ба синфи якум дар мактабҳо аз 1 август оғоз мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста