Душанбе. 27-уми июл. «Азия-Плюс» — | Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Раиси гурӯҳи парлумони Британияи Кабир оид ба Осиёи Марказӣ Лорд Вейверлиро ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот бо иштироки сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Тревор Мур масоили ҳамкории минтақавӣ, вазъи Афғонистон, рушди муносиботи ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии дуҷониба ва ҳамчунин ҷалби сармоягузорони Британияи Кабир баҳри маблағгузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Дар робита ба ин масъалаи ташкили сафари ҳайати намояндагони доираҳои тиҷоратии Британияи Кабир ба Тоҷикистон низ баррасӣ гардид.

Ба иттилои манбаъ, Ҳ. Зарифӣ бо мақсади фароҳам сохтани шароити мусоид барои тоҷирон зарурати ташкили заминаи ҳуқуқии шартномавиро таъкид сохт.

Лорд Вейверли ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи баргузории конфронс оид ба Осиёи Марказӣ дар Британияи Кабир дар моҳи ноябри соли ҷорӣ маълумот дода, зарурати иштироки намояндагони Тоҷикистон дар сатҳи заруриро изҳор намуд. Ин конфронс аз ҷониби Ditchley Foundation (Фонди Дичли) созмон дода мешавад.

«Дар фарҷом Ҳамрохон Зарифӣ ба лорд Вервейли барои таваҷҷӯҳ ба ҳалли мушкилоти Тоҷикистон ва кӯшишот ҷиҳати рушди ҳамкориҳои дуҷониба изҳори миннатдорӣ кард», - афзуд сарчашма.