Рӯзи 27-уми август шоҳзода Амин Оғохон бо сафари серӯза ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Интизор меравад, ки шоҳзода бо ҷараёни амалисозии лоиҳаҳои Бунёди Оғохон оид ба рушд (AKDN) дар Тоҷикистон шинос шуда, бо як қатор шахсони расмии ҷумҳурӣ гуфтушунид анҷом хоҳад дод.

Ёдрас мекунем, ки 16-уми август пули чаҳорум миёни Тоҷикистону Афғонистон мавриди истифода қарор гирифт, ки маблағгузории онро низ Бунёди Оғохон ба дӯш гирифт. Дарозии пул 216 метр ва иқтидори борбардориаш 30 тонна аст.

Пули нав ба зиёда аз 70 ҳазор нафар аҳолии ҳарду ҷониб барои машғул гардидан ба тиҷорати наздисарҳадӣ шароити мусоид фароҳам меоварад. Минбаъд дар минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон бозору гузаргоҳҳои марзӣ ва гумрукӣ бунёд мегарданд.

Шоҳзода Амин Огохон узви раёсати Бунёди Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) ва раиси кумитаи иҷроияи он мебошад.