Бо тағйири номи ҳизб аз Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ба Ҳизби умумилии состиал-демократии Тоҷикистон мо таъкид карданием, ки ҳизби маҳаллӣ ё минтақавӣ набуда, ҳизби умумиллием, - изҳор кард имрӯз зимни нишасти хабарӣ раиси ҳизби мазкур Раҳматилло Зойиров.

«Мо ҳайати роҳбариро бидуни назардошти эътиқоди динӣ аз тамоми минтақаҳои кишвар ва ҳамаи миллатҳо интихоб менамоем», - гуфт вай.

Зойиров ба ин назар аст, феълан ҳизби онҳо маҳз бо ҳамин сифатҳо аз дигар аҳзоби сиёсии кишвар фарқ мекунад.

«Масалан, имрӯз мо дар мақомоти раҳбарии ҳизбҳои дигар қариб намояндагони миллатҳои дигарро намебинем, - мегӯяд ӯ. – Дар ҳизби мо дар қатори тоҷикон ӯзбекон, русҳо, украиниҳо низ фаъолият доранд».

Ба қавли Зойиров, пас аз дубора бақайдгузории оинномаи ҳизб дар таҳрири нав дар Вазорати адлия, ҳизб бо номи нав ба фаъолият шурӯъ мекунад.

Пешвои ҲСДТ таъкид кард, ки рӯзи 4-уми декабр дар анҷумани ҳизб ҳамчунин дигар тағйироту иловаҳо ба Оиннома қабул шуданд, ки пас аз як ҳафта ба Вазорати адлия пешниҳод мегарданд.

Р.Зойиров афзуд, айни замон шумори аъзои ҲСДТ 7 ҳазору 712 нафарро ташкил медиҳад, ки 43%-и онҳоро занон ташкил медиҳанд.