Дар ҳошияи ҷаласаи ШВКХ САҲА мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Эстония Урмас Паэт баргузор гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар рафти мулоқот масъалаҳои вазъ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Эстония дар соҳаҳои муҳими мутақобилан судманд муҳокима гардиданд.

Урмас Паэт барои мусоидат дар кори озод кардани ҳавонаварди эстонӣ Алексей Руденко ба ҷониби Тоҷикистон изҳори сипос гуфт. Ҳамзамон ҳалли мушкили мазкур сирф дар асоси дипломатӣ махсус қайд гардид.

Дар баробари ин, У. Паэт хоҳиши ҷониби кишвараш дар бораи кушодани намояндагии дипломатии Тоҷикистон ва таъини Сафири Тоҷикистон дар Эстонияро расонд, ки метавонад боиси тақвияти минбаъдаи муносибатҳо миёни ду кишвар шавад.

Ҷонибҳо ҳамчунин доираи васеи масъалаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро баррасӣ намуданд. Ба рушди робитаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ миёни ду кишвар ва ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби ташкилотҳои байналхалқӣ аҳамияти махсус дода шуд. Ҷониби эстонӣ изҳори омодагӣ намуд, ки кӯшишҳои Тоҷикистонро баҳри дохил шудан ба СУС дастгирӣ мекунад.

У. Паэт ҳамчунин ба ҳамсӯҳбати худ иттилоъ дод, ки имконияти таҳсили дипломатҳои ҷавони тоҷик дар Академияи дипломатии Эстония вуҷуд дорад.

Дар фарҷоми сӯҳбат Ҳ.Зарифӣ ҳамтои худро барои иштирок дар кори Конфронси RECCA-V, ки дар ш.Душанбе 26-27 марти соли 2012 баргузор мегардад, ҳамчунин дар чорабиниҳои ҷашнии бахшида ба Наврӯз дар соли 2012 даъват намуд.