Дар шаҳри Брюссел мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия, Иттиҳоди Аврупо ва НАТО Рустамҷон Солиев бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Белгия, Иттиҳоди Аврупо ва НАТО Ҳумоюн Тандар баргузор гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, сарони намояндагиҳои дипломатӣ роҳҳои ҳамкории муштаракро дар истифода аз имконоти Иттиҳоди Аврупо ва НАТО дар соҳаҳои мубориза алайҳи терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таҳкими сарҳадот ва истифодабарии имконоти иқтисоди, маърифатӣ, коммуникатсионӣ, нақлиётиву гидроэнергетикии Тоҷикистонро барои бозсозии иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон баррасӣ ва мувофиқа намуданд.

Ҳамзамон, сафирон рафти омодагӣ ба гузарондани Панҷумин Конфронси минтақавии ҳамкории иқтисодӣ оид ба Афғонистонро (RECCA V), ки 26-27 марти соли 2012 дар ш. Душанбе баргузор мегардад, муҳокима карданд. Р. Солиев ва Ҳ. Тандар пешниҳодоти мушаххасро ҷиҳати таъмини сатҳи баланди иштироки намояндагони Иттиҳоди Аврупо ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар кори конфронси номбурда ва ташаккули афкори ҷамъиятии муносиб дар Аврупо таҳия сохтанд.