Бо ташаббуси ҷониби Россия гуфтугўи телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев доир гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, сарони ду давлат доираи масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи байни кишварҳояшон ва дурнамои рушди онҳоро дар соҳаҳои мухталифи ҳамкорӣ мавриди муҳокима қарор доданд.

 Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои доғи рўзи байналмилалии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ  мубодилаи афкор анҷом доданд.

 Вобаста ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Федератсияи Россия ба ҷанбаҳои алоҳидаи ҳамкориҳои минтақавӣ таваҷҷўҳ зоҳир карда,  зарурати дар минбаъда ҳам ҳамоҳанг сохтани саъйю талошҳои ҷонибҳоро дар ин самт таъкид намуданд.