Имрӯз дар Ашқобод вохӯрии дуюми омодагӣ ба конфронси Кобул оид ба Афғонистон дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ баргузор мешавад.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ Давлат Назриев хабар дод, дар вохӯрии мазкур Тоҷикистонро сардори Раёсати Аврупо ва Амрикои вазорат Исматулло Насриддинов намояндагӣ мекунад.

Дар вохӯрӣ баррасии масоили марбут ба омодагӣ ба конфронси байнулмилалӣ оид ба мушкилоти Афғонистон, ки санаи 14-уми июни соли равон дар Кобул ба нақша гирифта шудааст, дар назар аст.

Бино ба маълумоти хабаргузории «Туркменинформ», дар ҷараёни машварати омодагӣ лоиҳаҳои «Раванди Истамбул: рӯзномаи нав барои ҳамкории минтақавӣ дар «Қалби Осиё». Консепсияи амалисозии раванди Истамбул оид ба таъмини амнияти минтақавӣ ва ҳамкорӣ барои Афғонистони амну устувор» ва Эъломияи Кобул мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегиранд.

Дар кори конфронс ҳайатҳои 15 кишвар, 14 давлати нозир ва ҳайатҳои 10 созмонҳои байнулмилаливу минтақавӣ ширкат меварзанд. Аз ҷумла иштироки ҳайатҳои Озарбойҷон, Афғонистон, Британияи Кабир, Олмон, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Чин, АМА, Покистон, Арабистони Саудӣ, ИМА, Туркия, Ӯзбекистон, Фаронса, Ҷопон ва дигар давлатҳо дар назар аст.