Имрӯз дар Маркази русиягии илму фарҳанг дар Душанбе бахшида ба 20-умин солгарди роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Русия конфронси байнулмилалӣ ба кор оғоз мекунад.
Тавре аз маркази мазкур хабар доданд, конфронс аз ҷониби сафорати Русия дар Тоҷикистон, намояндагии ташкилоти ҳамкории Русия дар ҶТ, ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Русия» ва ҳаракати ҷамъиятии «Дӯстони Русия» созмон дода шудааст.
Конфронс бо мақсади баррасии масоили муҳими рушди муносибатҳои дуҷонибаи шарикона дар марҳилаи кунунӣ баргузор мешавад. Дар ҷараёни кори конфронс ҳамчунин масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гуманитариву фарҳангӣ ва мушкилоту дурнамои ҳамкории иқтисодӣ дар марҳилаи кунунӣ низ баррасӣ мешаванд.
Дар кори конфронс иштироки сафири Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов, намояндагони вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои давлатии Тоҷикистон ва ҳамчунин намояндагони созмонҳои байнулмилаливу ҷамъиятӣ дар назар аст.
Ёдрас мекунем, ки 8-уми апрели соли 1992 миёни Тоҷикистону Русия муносибатҳои дипломатӣ роҳандозӣ шуданд.
Имсол муҳоҷирати занони тоҷик ба Русия кам шудааст
Заҳролудшавии 4 узви як оила аз дуди ангишт дар Душанбе
Субҳон Ҷалилов: “Журналист бигзор якрав бошад, аммо бесавод набошад!”
Акнун аҳолӣ барои гирифтани маълумотномаи доғи судӣ изи ангушт месупоранд. Боз барои чӣ изи ангушт мегиранд?
Аз 14 рақам танҳо 5-то посух дод. Телефонҳо барои эълони кор дар хориҷа чӣ гуна кор мекунанд?
Эмомалӣ Раҳмон паёми имсолаашро дар бинои нави парлумон ироа мекунад
Дар миёни мусофирони ҳавопаймои суқуткардаи "Azerbaijan Airlines" ду зодаи Тоҷикистон ҳам будаанд
Аз кори мақомоти қудратӣ то ришвахории додрасҳо. Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2024 кадом ниҳодҳоро танқид кард?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Иллати ҳақиқӣ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста