Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи ҷашнии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ва мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафар кард.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, Вазири мудофиа Шералӣ Хайруллоев, Котиби Шӯрои амният Абдураҳим Қаҳҳоров ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Ҷаласаи ҷашнии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД ба муносибати 20-умин солгарди имзои Шартнома дар бораи амнияти дастаҷамъӣ ва 10-умин солгарди таъсиси Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ доир мегардад.

Тавре хадамоти матбуоти СААД хабар медиҳад, дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ баррасии масоили таҳдиду чолишҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ба кишварҳои узви созмон ва андешидани тадбирҳои мубориза ва истодагарӣ бо онҳо дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, сарони кишварҳои узви СААД аз фаъолияти созмон дар тӯли солҳои 2002-2012 натиҷагирӣ намуда, самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи созмонро баррасӣ мекунанд. Котиби генералии СААД Николай Бордюжа маърӯза хоҳад кард.

Шартнома дар бораи амнияти дастаҷамъӣ 15-уми майи соли 1992 дар Тошканд ба имзо расида, Оинномаи СААД 18-уми сентябри соли 2003 мавриди амал қарор гирифт. Давлатҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон узви СААД мебошанд. Раёсат дар СААД дар соли 2012 ба уҳдаи Қазоқистон вогузор шудааст.