Имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз як қатор корхонаҳои саноатии Озарбойҷон боздид карда, доир ба ташкили ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи кишвари мо суҳбатҳои судбахш анҷом дод.
Тавре аз хадамоти матбуои сарвари давлат иттилоъ доданд, сарвари давлати Тоҷикистон нахуст ба корхонаи истеҳсоли панелҳои офтобӣ – Азгунтек ташриф оварда, бо кори он аз наздик шинос шуд. Тавре зикр гардид, корхонаи мазкур дар доираи татбиқи барномаи давлатии истифода аз манбаъҳои алтернативии нерӯи барқ барои солҳои 2012-2020 бунёд ёфта, фаъолияти ибратбахш дорад. Дар он панелҳо ва дигар ҷузъҳои зарурӣ барои нерӯгоҳҳои офтобию бодӣ истеҳсол мешавад. Тавре зикр гардид, истеҳсоли саноатии чунин маҳсулот ва ба роҳ мондани истифодаи васеи он мутобиқ ба талаботи «иқтисоди сабз» ё худ пешгирӣ аз ифлосшавии муҳити зист мебошад.
Зимни боздид аз Технопарки Сумгаит (STP) аён гардид, ки дар он таҷҳизоти гуногун ва қисмҳои эҳтиётии зеристгоҳҳои барқӣ, аз ҷумла ноқилҳои мухталиф, изолятор, панелҳои офтобӣ, шабакаҳои гармидиҳии офтобӣ, симҳои луч ва кабелҳои барқии пастшиддату баландшиддат барои истифода дар саноат ва рӯзгор истеҳсол мешавад. Тавре зикр гардид, ноқилҳои барқӣ аз алюминий ва мис истеҳсол шуда, барои он дар як сол то 50 ҳазор тонна алюминий истифода мешавад.
Корхонаи Гринтек (Greentech) бошад, аз ҷониби сармоягузорони хориҷӣ бунёд ёфтааст. Онҳо дар майдони 10 гектар истеҳсоли помидор ва дигар сабзавотро дар гармхонаҳо ба роҳ монда, ҳар сол то 6 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол мекунанд. Чунонки зикр гардид, давоми сол танҳо 1,5 моҳ барои коркард ва омодасозии замин сарф мешавад ва тӯли 10,5 моҳи дигар аз ин гармхонаҳо ҳосил мегиранд. Қисмати зиёди маҳсулот бо нархи гарон ба кишварҳои аврупоӣ содир карда мешавад.
Зимни суҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон сармоягузорони ин корхона ба ташкили чунин кор дар Тоҷикистон, ки обу хок ва табиати мусоид дорад, изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Боку, ҳамчунин Директори генералии ширкати амрикоии Сокар Фостер Вилер (Socar Foster Wheeler) Ҷиамперо ТРИВЕЛЛА-ро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар соҳаи истихроҷ ва коркарди саноатии нафт дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Тавре зикр гардид, ширкати мазкур омода аст, имконсанҷии техникӣ ва иқтисодии бунёди як корхонаи коркарди нафт дар ҷануби Тоҷикистонро анҷом диҳад. Интизор меравад, ки ин корхона бо сармоягузорӣ ва иштироки якҷояи Тоҷикистону Озарбойҷон бунёд ёбад.
Дар радабандии кишварҳои камбизоат Тоҷикистон дар ҷойи чандум аст?
Сардори Хадамоти федеролии амнияти Русия: “Ташкилкунандаи асосии ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳол” дар хориҷа аст”
Қазоқистон низ тафтиши муҳоҷирони кории тоҷикро бештар ва чораҳои амниятиро дар фурудгоҳҳо пурзӯр кардааст
Тоҷикистон дар раддабандии озодии матбуот боз ду зина поён рафт
Имсол ба ҳар як иштирокчии ҶБВ қариб 50 ҳазор сомонӣ медиҳанд
Вазорати умури дохилии Русия тартиби сабти номи шаҳрвандони хориҷиро шарҳ дод
Роҳхатҳои олимпӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ: кӣ аз ҳама зиёдтар дорад?
Дар радабандии ФИФА мунтахаби футзали Тоҷикистон байни 139 кишвар зинаи 34-умро ишғол кард
“Ба хотири шаффофият!”. Пули иҷораи китобҳои дарсӣ низ дигар ғайринақдӣ супорида мешавад
Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Душанбе чанд пул мегиранд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста