Имрӯз 25 ташкилоти ҷамъиятӣ ба унвони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба вазъи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муроҷиатнома қабул карданд. Дар муроҷиатнома, аз ҷумла, зикр мегардад, ки ташкилотҳои ҷамъиятӣ аз вазъи мавҷуда дар шаҳри Хоруғ, ки муддати чанд рӯзи ахир ноамн аст, изҳори нигаронӣ мекунанд.

«Субҳи рӯзи 24-уми июл дар шаҳри Хоруғ мақомоти қудратии давлат амалиёти низомӣ барои боздошти афроди гумонбар ба қатли сардори Раёсати КДАМ дар ВМКБ генерал Абдулло Назаровро оғоз намуданд. Сарфи назар аз пешакӣ тарҳрезӣ шудани амалиёт, ҳокимияти маҳаллӣ қаблан аҳолиро дар бораи истифодаи яроқ огоҳ накарда, бо ин амал ҳаёти онҳоро зери хатар гузошт», - зикр мекунанд созмонҳои ҷамъиятӣ.

Бино ба маълумоти онҳо, «аз оғози амалиёт то имрӯз иртиботи телефонӣ бо Хоруғ қатъ гардида, роҳҳои автомобилгард бастаанд ва дар чанде аз ноҳияҳо таъминот бо нерӯи барқ низ қатъ гаштааст».

Ба ғ айр аз ин, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ изҳор медоранд, ки муддати чанд рӯз дастрасӣ ба сомонаи хабаргузории «Азия-Плюс» маҳдуд буд. Қатъи дастрасӣ ба сомонаи Youtube пас аз ба он гузоштани наворе аз гирдиҳамоии сокинони Хоруғ, ки алайҳи ворид сохтани нерӯҳои низомии иловагӣ эътироз карда буданд, сурат пазируфтааст.

Созмонҳои ҷамъиятӣ зикр мекунанд, ки минтақаи мазкур ҳамеша таваҷҷӯҳи шумори зиёди сайёҳонро ҷалб мекунад, вале айни замон он даҳҳо сайёҳон боқӣ монда, тақдири онҳо номаълум аст.

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчунин аз тақдири сарбозони ҷавон, ки бидуни омодагии зарурӣ ба минтақаи душвори кӯҳистон ба амалиёти низомӣ сафарбар шудаанд, изҳори нигаронӣ карданд.

Сарфи назар аз оташбаси эълоншуда аз 25 то 28-уми июл, аз минтақа хабарҳои зидду нақизе мерасанд, ки минбаъд ба ташаннуҷи авзоъ боис гардида метавонанд.

Ташкилотҳои ҷамъиятӣ аз ҳукумат қатъи амалиёти низомӣ, барқарор кардани иртиботи телефонӣ бо минтақа, таъмини дастрасӣ ба сомонаҳои интернетӣ, кушодани роҳҳо барои расонидани кӯмаки башардӯстона ба аҳолӣ, пешниҳоди маълумоти фаврӣ дар бораи вазъи минтақа, иҷозати дастрасии намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба аҳолӣ, таъмини кафолати риояи тамоми ҳуқуқҳои инсон тибқи ӯҳдадориҳои байнулмилалии Тоҷикистон ва таъмини дастрасии волидайну хешовандони афсарону сарбозон ва аҳолӣ ба иртиботи телефониро дархост кардаанд.

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ изҳори умедворӣ намудаанд, ки сарвари давлат баҳри ҳалли сулҳомези бӯҳрон тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳад дод.

 

Зери муроҷиатнома созмону ташкилотҳои зерин имзо гузоштанд:

Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро»

Дафтари ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният

Фонди ҷамъиятии «Нота Бене»

ИҶБ «Ҳуқуқ ва Шукуфоӣ»

Маркази ҳуқуқи инсон

Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон

Мактаби мустақили рӯзноманиигории «Тоҷикистон - асри XXI»

Иттифоқи истеъмолгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи Хелсинкии Булғория

Кумитаи Хелсинкии Албания

Гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи Харков (Украина)

Маркази таҳқиқи сиёсати ҳуқуқӣ (Қазоқистон)

Promo Lex Association (Молдова)

Гурӯҳи Хелсинкии Маскав (Русия)

Фонди ҷамъиятии «Садои Озодӣ» (Қирғизистон)

Маркази озодиҳои шаҳрвандӣ (Украина)

Пажӯҳишгоҳи мониторинги ҳуқуқи инсон (Литва)

Ассамблеяи шаҳрвандии Хелсинки (Арманистон)

Маркази рушди демократия ва ҳуқуқи инсон (Русия)

Кумитаи Хелсинкии Арманистон

Хонаи ҳуқуқи инсони Белорус

Федератсияи байнулмилалии ҳуқуқи инсон

Иттифоқи Хелсинкии Украина оид ба ҳуқуқи инсон

Crude Accountability (ИМА)

Дафтари байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва волоияти қонуни Қазоқистон