Ду нафар намояндаи Тоҷикистон дар маъракаи интихобот ба палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Белорус ширкат хоҳанд варзид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар дар маъракаи интихоботи парлумони Белорус аъзои КМИР Раҷабалӣ Тағоев ва сармутахассиси КМИР Раҷабмурод Ашӯров ба сифати нозирони байнулмилалӣ дар ҳайати гурӯҳи нозирон аз ИДМ иштирок мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 15-уми июли соли равон пешбарии номзадҳо ба маъракаи интихобот ба парлумони Белорус оғоз гардид. Маъракаи интихобот ба Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Белорус 23-юми сентябр доир мегардад. Айни замон мухолифини кунунии ҳукумати Белорус оид ба ишттирок дар парлумон ба як қарори ягонаи қатъӣ наомадаанд.