Имрӯз маросими мавриди истифода қарор гирифтани бинои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон доир мегардад.

Сохтмони бинои нави вазорат моҳи октябри соли 2010 оғоз гардида, дар маросими гузоштани хишти аввали бино сарвари давлат ширкат варзида буд. Имрӯз ҳам президент дар маросими ифтитоҳи бино ширкат хоҳад варзид.

Дар бинои нави ҳаштошёна ҳамаи раёсатҳо ва воҳидҳои тобеи вазорат ҷойгир хоҳанд шуд, ки дар онҳо то 300 нафар кор карда метавонанд. То имрӯз бинои Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар паҳлӯи рости маҷмааи биноҳои парлумони ҷумҳурӣ воқеъ буд.