Прокуратураи нақлиёти Русия дар ташхиси мусофирони ҳавопаймои Тоҷикистон, ки ба гирифторӣ ба бемории вабо гумонбар дониста шудаву дар нимароҳ ҳавопаймои ба Санкт-Петербург равона ба майдони ҳавоии шаҳри Ростов фуруд омада буд, ҳеҷ қонуншикание ошкор накардааст.

Хабаргузории Интерфакс менависад, мақомоти покуратураи Русия амали тамоми хадамоти марбутаро дурусту саривақтӣ ва мутобиқи қонунгузории амалкунандаи кишвар арзёбӣ кардааст. Дар мақомоти прокуратура гуфтаанд, дар сурати аз сафоратхонаи Тоҷикистон ворид шудани дархости дахлдор, ба таҳқиқоти мӯшикофонаи ҳодисаи мазкур омодаанд.

Маврид ба ёдоварист, ки рӯзи 28-уми феврал Вазорати тандурустии вилояти Русия перомуни таъҷилан ба майдони ҳавоии шаҳри Ростови Лаби Дон фуруд омадани ҳавопаймо аз Тоҷикистон бинобар сабаби бад шудани вазъи солимии яке аз мусофирон изҳорот пахш намуд.

Дар изҳорот гуфта мешуд, ки як корманди тиббии фурудгоҳ ба бемории вабо (холера) гирифтор будани як мусофирро гумонбар шуда, дар ин робита 150 нафар мусофирони ҳавопаймо аз Хуҷанд муддати 1 шабонарӯз боздошт ва аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуданд.

Рӯзи дигар иттилоъ дода шуд, ки ин беморӣ тасдиқ нагардида, дар се нафар мусофирони ҳавопаймо бемории дарунравӣ (дизентерия) ошкор шудааст. «Ҳамаи мусофирон ба макони таъинот – шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург расонида мешаванд», - изҳор гардида буд дар сомонаи Вазорати тандурустии вилоят.

Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев амали ҳукуматдорони рус дар робита ба боздошти 150 нафар мусофири тоҷик дар шаҳри Ростови лаби Донро «таҳқиромез» унвон карда, изҳор намуда буд, ки дар ин робита ба Вазорати корҳои хориҷии Русия нотаи эътирозӣ фиристода хоҳад шуд.