Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои байналмилалии бахшида ба чорумин ҷашни ҷаҳонии Наврӯз ба Туркманистон сафар кард.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии президент оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири нақлиёт Низом Ҳакимов, раиси Кумитаи МН МО ҶТ Олим Салимзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки соли равон баҳри таҷлили ҷашни байнулмилалии Наврӯз ҳайатҳои кишварҳои гуногун, намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ, арбобони маъруфи илму фарҳанги ҷаҳон ба пойтахти Туркманистон даъват шудаанд.

Дар Ашқобод намояндагони Тоҷикистон ҳамчунин барномаи фарҳангии худро намоиш медиҳанд. Айни замон ҳайати беш аз 20-нафараи ҳунармандон ва наздики 15 нафар намояндагони «Тоҷикматлубот» дар Туркманистон қарор доранд.

Бино ба иттилои хабаргузории Turkmenistan.ru, субҳи рӯзи 21-уми март дар Кохи Рухиёти пойтахти Туркманистон таҳти унвони «Наврӯз иди сулҳ ва башардӯстӣ» конфронси байнулмилалӣ баргузор мешавад. Баъди анҷоми кори конфронс дигар чорабиниҳои идонаи наврӯзӣ дар водии хушмансари назди Копетдаг доир мегарданд.