Санаи интихоботи президенти Тоҷикистон 6-уми ноябри соли ҷорӣ таъин шуд. Имрӯз дар иҷлосияи муштараки ҳарду палатаҳои парлумони ҷумҳурӣ чунин қарор қабул шуд.

Зимни суханронӣ дар иҷлосия раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров изҳор намуд, ки низоми идораи президентӣ дар Тоҷикистон қобили қабул буда, ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ки интихоботи қарибулвуқӯъи сарвари давлат озодонаву шаффоф ва ба таври демократӣ баргузор мешавад.

Раиси вилояти Хатлон, узви палатаи болоии парлумон Ғайбулло Афзалов аз тамоми аҳзоби сиёсӣ даъват ба амал овард, ки дар ҷараёни интихобот меъёрҳои қонунгузории ҷумҳуриро риоя кунанд.

Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Назира Ғаффорова изҳори итминон кард, ки дар интихоботи пешорӯ мардуми тоҷик номзади арзандаро интихоб хоҳад кард. Ба андешаи ӯ, бо интихоби Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2006 мардум ба иштибоҳ роҳ надод.

Ба ақидаи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Қобиламо Ғуломшоева, Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ваъдаҳои дар соли 2006 ба мардум додаашро иҷро кард.

Вакили палатаи поёнии парлумон, раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ мутмаин аст, ки маъракаи интихоботи пешорӯ дар доираи қонунгузории кишвар сурат мегирад. «Баҳсу муколама ва интиқодҳо рӯйи кор хоҳанд омад, вале риояи қонун муҳим аст», - гуфт ӯ.

Кабирӣ даъват ба амал овард, ки интихоботро мебояд тавре доир намуд, ки фардо сиёсатмадорон бидуни шарм ба чашмони ҳамдигар нигариста тавонанд.

Қобили зикр аст, ки санаи 6-уми ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи Конститутсия таҷлил мегардад ва ин рӯзи истироҳат аст.