Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, баррасии масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвари ҳамсоя дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз ёфта, дар музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб идома ёфт. Зимни мулоқоту музокирот маҷмӯи васеи мавзӯъҳо ва масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсат, амнияти минтақавӣ, иқтисод ва савдо, нақлиёт, энергетика, маориф ва ғайра баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи бештар ба татбиқи амалии лоиҳаҳои минтақавии бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва хатти барқии баландшиддати CASA-1000 аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон зоҳир гардид. Ба омодасозии заминаи бунёди роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон ва дигар лоиҳаҳои ояндадор низ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Бо қаноатмандӣ аз афзоиши бесобиқаи робитаҳои тиҷоратии ду кишвар, аз ҷумла таъкид гардид, ки тайи 8-10 соли охир ҳаҷми мубодилаи мол миёни онҳо 100 баробар афзудааст ва Афғонистон ҳоло дар миёни шарикони тиҷоратии Тоҷикистон дар мақоми панҷум қарор дорад. Мувофиқасозӣ ва ба имзо расондани созишномаи сеҷонибаи тиҷоратию транзитӣ миёни Тоҷикистону Афғонистону Покистон омили таконбахши бештари чунин ҳамкорӣ номида шуд.

Бо ёдоварӣ аз ҳамкории босамари сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар, аз ҷумла дар самти пурзӯр намудани ҳифзи марзи муштараки давлатӣ ва пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва яроқу аслиҳа ҳарду ҷониб бар зарурати густариши чунин робитаҳо таъкид доштанд.

Ҷониби Тоҷикистон омодагии худро ба идомаи кумак ба сохторҳои Афғонистон барои омӯзиши кадрҳои низомию марзбонӣ, табибон, мутахассисони роҳи оҳан ва дигар соҳаҳо таъйид намуд. Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба масоили гуногуни минтақавию ҷаҳонӣ ва ҳамгироии байналмилалии ду кишвари ҳамсоя сурат гирифт.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокирот миёни Тоҷикистону Афғонистон 4 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи безарарсозии башардӯстонаи минаҳо;

- Протокол дар бораи ворид намудани илова ба Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳади давлатӣ аз 27 апрели соли 2005.

- Созишнома миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи суғурта;

- Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи густариш ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба;

Зимни изҳороти матбуотӣ сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай ба натиҷаи мулоқоту музокироти имрӯза баҳои баланд дода, дурнамои муносибот ва ҳамкории гуногунпаҳлӯи ду кишварро умедбахш номиданд.