Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси ҲНИТ, сиёсатшинос ва журналист Маҳмадалии Ҳайит изҳор намуд, ки имрӯз президенти тозаинтихоби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба давраи мушкил ва душвортарини салтанат по мегузорад, зеро мардум дигар ба чашмбандиву худнамоишдиҳии ҳукумат тӯли ду даҳсолаи ахир бовар надорад.

Ба андешаи ӯ, замоне фаро расидааст, ки Раҳмон бояд бо командаи пешини худ хайрухуш кунад, зеро ин команда аз мардум, орзуву мушкилот ва умедҳои ӯ дур буда, ба хотири ояндаи кишвар президент бояд ба технократҳои ҷавон такя кунад.

«Муддати қариб 20 сол дастаи Раҳмон ва ВАО-и тобеъи ӯ ба «худнамоишдиҳӣ» назди мардум машғул буданд: масалан, чӣ гуна дар ҷумҳурӣ таъсис ёфтани ҷойҳои нави корӣ ва ин ҳам дар ҳолест ки вазъи иҷтимоливу ҳуқуқии муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия сол то сол мушкил мешавад ва дар давоми ҳукмронии минбаъда Эмомалӣ Раҳмонро пеш аз ҳама зарур аст, ки ҷиҳати дар худи Тоҷикистон бо ҷойҳои корӣ таъмин кардани онҳо тадбирҳои таъҷилӣ андешад», - зикр кард Ҳайит.

Дар идома ӯ изҳор намуд, ки Эмомалӣ Раҳмон бояд ба ислоҳоти ҷиддии низоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даст занад, зеро имрӯз кам касоне дар кишвар ба волоияти қонун ва садоқати судяҳову прокуророн эътимод доранд.

«Дар давраи минбаъдаи ҳокимияти худ Раҳмон бояд баргузории интихоботи шаффофу озодона ва демократӣ ба парлумон дар соли 2015-ро таъмин намуда, ба таҷрибаи таъқибу фишори дигарандешон, рақибони худ, ходимони дин, намояндагони аҳзоби мухолиф хотима бахшад ва афроди бо мақсадҳои сиёсӣ мавриди таъқиб қарордошта, аз ҷумла Зайд Саидовро озод намояд», - таъкид дошт муовини раиси ҲНИТ.

Гузашта аз ин, коршинос бар ин назар аст, ки дар давраи ҳукмронӣ президент набояд тобеъи як ҳизб буда, бояд аз узвият дар ҳама гуна ҳизби сиёсӣ даст кашад. «Агар дар ин давра Раҳмон аз таҷрибаи маҳалгароӣ даст кашида, ба ислоҳоти конститутсионӣ иқдом варзад, ки мутобиқи он се шохаи ҳокимият на ба як гурӯҳи афроди ҷудогона, балки ба мардум хизмат кунанд, пас метавон умедвор шуд, ки вазъи муташанниҷ дар ҷомеа рӯ ба беҳбудӣ меорад», - афзуд коршинос.